Мутахасиси маркази тамос
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: ш.Душанбе
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Бонк
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифаи: Мутахасиси маркази тамос (Кол-центр)
Ҷои фаъолият: ш.Душанбе
Вазифаҳои асоси:
• Ҷавоб додан ба зангҳои телефонии воридоти ва дар тамос будан бо мизоҷони эҳтимолии ташкилот;
• Ба мизоҷони ташкилот (бо воситаи телефон) фаҳмонидани тамоми маҳсулотҳои ташкилот инчунин посух додан ба саволҳояшон;
• Фуруши маҳсулотҳои ташкилот (қарз, пасандоз ва ғ) бо воситаи телефон;
• Иҷрои дигар супоришҳои аз тарафи роҳбар додашуда.
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра, миёнаи махсус;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони узбекӣ афзалият дорад);
• Донистани барномаҳои компютерӣ (MS Office);
• Сатҳи баланди муошират;
• Таҷрибаи кори дар самти маркази тамос афзалият дорад.
Шароити хуби кори:
• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2;
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Имконият барои рушди мансабӣ
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) -ро ба почтаи эдектронии info@lolc.tj ирсол намоянд.
Муҳлати охирин барои қабули CV то 26 феврали соли 2025.
Рақами телефон: (992) 98-478-37-37
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои ҳадди аққал ҷавобгӯянд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
Похожие объявления













Следите за обновлениями в разделе "Избранное"