Хазинадор дар филиали н.Восеъ
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: к. Ҷаббор Расулов 9
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Кори бонкӣ
Ӯҳдадориҳои асосӣ:
Ба мизоҷони ТАҚХ «ФИНКА» бо эҳтиром ва самимона хизматрасониҳои босифатро фароҳам меорад;
Ҳангоми дубора шумурдани воситаҳои пулӣ бодиққатӣ ва покизакориро зоҳир намуда, дар вақти гирифтан ва ё таҳвили маблағҳои пулӣ ба хатогӣ роҳ намедиҳад;
Шарту шароитҳои қарздиҳӣ ва сиёсату тартиботҳои ширкатро ба мизоҷони наву такрорӣ фаҳмонида медиҳад;
Ҳангоми таҳвили воситаҳои пулӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсро тафтиш менамояд;
Пеш аз қабул кардан ё таҳвили пул дуруст пур карда шудани ҳуҷҷатҳои хазинавиро тафтиш мекунад ва мавҷуд будани ҳама имзоҳои заруриро санҷида мебарояд;
Дар ҳолати ба зиммаи хазинадор вогузошта шудани ӯҳдадориҳои «ифтитоҳдиҳанда» («инаугуратор») – ӯ ба мизоҷон муқаррароти шартномаи қарзиро баён менамояд ва ба онҳо ҷадвали пардохти қарз, муҷозотҳои ҷаримавӣ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонида медиҳад.
Воситаҳои пулии қабулшуда ва таҳвилшударо дар китобҳои хазинавии марбута сабт менамояд;
Ихтисоси матлуб:
Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯи тахассуси муҳосиб, иқтисодчӣ, мутахассиси молиявӣ;
Мавҷудияти Шаҳодатнома (сертификат) барои иҷрои амалиётҳои мубодилавӣ;
Донистани кор бо компютер (барномаҳои Word, Excel);
Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ аст;
Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ;
Покизакорӣ ва масъулиятнокӣ;
Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 28 феврали соли 2025 ба суроғаи н. Восеъ, шаҳраки Восеъ, кӯч. И. Рахимов ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: 93 572 01 14
Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
Похожие объявления
![Бонкир - Коршиноси қарзӣ дар н.Восеъ](https://cdn.somon.tj/media/cache1/51/09/5109bbefc7c98dbe99d65d49fe27b68e.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"