Мутахассиси шуъбаи хисоботдихи
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: ТАКХ "Фуруз"
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Ташкилоти амонатии карзии хурд
ҶДММ Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад. ФУРӮЗ дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ аз рӯи қарзҳои додашуда дар ҷойи шашум мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозорро аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад. Дар Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» зиёда аз 180 корманд дар Саридораи ш.Бохтар ва дар 8 марказҳои хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Омодасозии ҳисоботҳои ҳармоҳа барои пешниҳод ба БМТ тибқи феҳрасти пешниҳоди ҳисоботҳои БМТ;
• Гузаронидани таҳлили мунтазами нишондиҳандаҳои молиявӣ ва оморӣ, таҳлили мувофиқат бо маълумотҳои буҷавӣ, таҳияи ҳисоботи муқоисаи нишондиҳандаҳои нақшавӣ ва воқеӣ ва пешниҳоди ҳисобот ба Раёсат;
• Таҳияи ҳисоботҳо барои қарздиҳандагон (инвесторон), ки дар созишномаҳои қарзӣ пешбинӣ шудаанд;
• Пешниҳоди маълумотҳои молиявӣ, сандуқӣ, оморӣ ба истифодабарандагони берунӣ:
• Назорат аз болои иҷроиши нақшаи молияви (буҷа).
Талабот:
• Малакаҳои хуби кор дар компютер (хусусан малакаҳои аълодараҷаи кор дар Microsoft Excel);
• Доштани дониши хуби математики ва мантиқ (логика);
• Малакаҳои аълодараҷаи таҳлилӣ ва ҳусни муошират;
• Дониши озодонаи забони тоҷикӣ, донистани забони русӣ ва англисӣ афзалиятнот шуморида мешавад;
• Таҷриба ва дониш дар соҳаи молиявӣ (муҳосибӣ) афзалиятнок шуморида мешавад.
•
•
Кормандони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (анкета ё CV/резюме) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ТАҚХ “Фурӯз” дар суроғаи ш.Бохтар, кӯчаи Айнӣ 27 пешниҳод намоянд.
Кормандоне, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгуянд ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"