Ҳуқуқшинос оид ба бозгардонии қарзҳо, ш. Хуҷанд
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: Филиал дар ш. Хуҷанд
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Бонк
ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” вазифаи Ҳуқуқшинос барои филиали бонк дар ш. Хуҷанд эълон менамояд.
Ҳуқуқшинос ёрии машваратӣ, ҳуқуқӣ, намояндагӣ, ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои моддии филиал, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамояд.
Ҳуқуқшинос ба Сарбонк маълумоти муфассал оиди раванди мурофияи судӣ, натиҷаҳои ба даст омада, камбудиҳои қарзӣ, ва ҳолати ҳар яке қарзи дар назорати ҳукуқшинос бударо пешниҳод менамояд.
Талаботҳо:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ
• Таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол (собиқаи кори бонкӣ афзалият дорад);
• Тарзи дурусти алоқа бо мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ.
• Тавоноии воқеии идоракунии кормандон дар муҳити тағйирёбанда (душвор);
• Донандаи хуби забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ба донандаи забони англисӣ бартарият дода мешавад;
• Малакаҳои қавии бозоршиносӣ ва алоқа;
• Малакаҳои олии компютерӣ, ки одатан аз ҷониби бонк талаб карда мешавад.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронӣ hr@fmfb.com.tj фирсонанд ё ба филиали ш. Хуҷанд на дертар аз 30 ноябри соли 2024 ирсол намоянд.
Танҳо номзадҳои интихобшуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"