Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон ш.Бохтар
- Стаж: Любой
- Название, адрес компании: куч.Норинов 1 А
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Ташикилоти карзии хурд
Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон
Ҷои фаъолият: шахри Бохтар
Вазифаҳои асоси:
Машварат додан ба мизоҷони эҳтимолӣ ва фаъол дар бораи маҳсулотҳои қарзии Ташкилот, муайян кардани талаботи мизоҷон ва пешниҳоди маҳсулоти қарзӣ, ки ба талаботҳои эълоншуда ҷавобгу мебошанд;
Муайянкунии шахсияти мизоҷон аз рӯйи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
Мусоидат ба мизоҷон дар пуркунии варақаҳои лозимӣ;
Пур кардании аризаи электронӣ ва ворид кардани маълумоти зарурӣ дар бораи қарзгирандагон;
Дар рафти хизматрасонӣ ба мизоҷон маълумотҳои гирифта шударо дуруст ва бехато ворид намудан;
Чоп кардан ва нигоҳ доштани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо зарур мебошанд;
Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо;
Татбиқ ва риояи технология ва усулҳои қабулшудаи Ташкилот дар бораи хизматрасонии мизоҷон;
Гузаронидани расмиёти фаҳмондадиҳӣ ва имзогузории шартномаҳо ҳангоми додани қарз;
Саривақт огоҳ кардани роҳбарият дар бораи камбудиҳои мавҷуда дар самти хизматрасонии мизоҷон;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олии нопурра/олї;
• Махорати иртиботии хуб. Бо забонхои точики ва руси харф задан.
• Тачрибаи кори дар дигар ташкилотҳо дастгири карда мешавад.
• Талабот нисбати собиқаи корӣ ҳатмӣ нест.
Шароити хуби кори:
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Сари вақт гирифтани музди меҳнатӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Имконияти болоравии мансабӣ.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд:
шањри Бохтар куч.Норинов 1А
Ё ин ки бо почтаи электронии зерин бо нишон додани - « Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон » дар мавзуи мактуб равон намоед
kurgantube.administration@oxus-tj.org ё ozoda.abbosova@oxus-tj.org
Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 10 майсоли 2025.
Рақами телефон: (992) 918 23 06 85
Похожие объявления










Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust