Ронанда / Водитель / Driver
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: кӯчаи Қ.Раҳимов 6-8, гузаргоҳи 2
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Ликвидация и уничтожение мин
Намояндагии Хазинаи Швейтсария оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD).
Эълон дар бораи ҷойҳои корӣ:
Хазинаи Швейтсария оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD), созмони ғайритиҷоратӣ, мустақил ва беғарази байналмилалии башардӯстона мебошад, ки қароргоҳаш дар Женева/Швейтсария ҷойгир аст.
FSD аз соли 2003 дар Тоҷикистон барномаҳои башардӯстона/лоиҳаҳоро амалӣ мекунад. Ҳадафи FSD иборат аз поксозии минаҳо, боқимондаҳои лавозимоти ҷангии нотаркида ва ифлоскунандаҳои устувори органикӣ иборат мебошад, то одамон тавонанд ояндаи бехатарро барои худ ва насли оянда бунёд кунанд ва дар муҳити бехатар зиндагӣ кунанд.
Ҷойҳои холии зерин дар барномаи FSD дар Тоҷикистон кушода/дастрасанд ва мо бо хушнудӣ ба довталабони ҳавасманд таблиғ мекунем/эълон менамоем.
Се (3) ронанда тибқи шартномаи яксола (тамдид имконпазир аст).
Талаботҳои асосӣ:
1. Шаҳодатномаи ронандагии категорияҳои B, C ва D.
2. Таҷрибаи ронандагӣ, собиқаи ронандагии накамтар аз 3 сол.
3. Маҳорати хуби ронандагӣ ва таҷрибаи нигоҳдорӣ ва ҷанбаҳои техникии воситаҳои нақлиёт.
4. Қувватмандии ҷисмонӣ ва қобилияти кифоя барои идора кардани автомашинаҳои 4Х4.
5. Қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва дуруст истифода бурдани вақти корӣ.
6. Муоширати хуби шифоҳӣ ва муносибати хуб бо кормандон.
7. Риоя намудани дастурҳои хаттӣ ва нигоҳдории сабтҳо.
8. Қобилияти истифодабарии дастгоҳҳои GPS.
9. Талаботи меъёриро дақиқ, бехато ва сари вақт иҷро намудан.
10. Дониши мукаммал дар соҳаи фаъолият дар ин самт.
11. Қувватмандии ҷисмонӣ ва қобилияти меҳнат кардан дар саҳро.
12. Иҷрои вазифаҳои иловагии амалиётӣ тибқи дастури роҳбарият.
13. Давомнокии кори саҳро аз ҳаҷми амалиёт вобаста аст.
Маълумот иловагӣ:
• Дархост (CV) бояд ба суроғаи зерин тавассути мактуб ё бо почтаи электронӣ ирсол карда шавад:
• суроға: Тоҷикистон, ш.Душанбе, кӯчаи Қ.Раҳимов 6-8, гузаргоҳи 2 (назди тарабхонаи Шаҳрисабз), tajikistan@fsd.ch, aziz.mahmadov@staff.fsd.ch, arthur.gandzhumov@fsd.ch
• Дархостҳо фақат дар сурате қабул карда мешаванд, ки шахсан ё тавассути почта, ё почтаи электронӣ ирсол карда шаванд.
• Мӯҳлати ниҳоӣ барои пешниҳодот: - то санаи 27 июли соли 2024, соати 17:00
Пешниҳодҳо баробари дастрас шудани онҳо баррасӣ карда мешаванд.
Ба мусоҳиба фақат номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботи эълони корӣ мувофиқат намоянд.
Барои маълумоти бештар, телефони:- 888008899 (аз соати 8:00 то 17:00)
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"