**ЭЪЛОНРО ПУРРА ХОНЕД!**
Ташкилоти мо бо автоматикунонии мағозаҳо, дорухонаҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ (қаҳвахона, ошхона, фастфуд ва ғайра) ва дигар нуқтаҳои савдо машғул мебошад.
Барои автоматикунонӣ мо барномаҳои махсус пешниҳод намуда, инчунин фурӯш, насб ва танзими таҷҳизоти заруриро ба роҳ мондаем.
ВАЗИФАҲОИ КОРМАНД:
• Машварат додан ба мизоҷон
Фаҳмонидани имкониятҳои барнома ва таҷҳизот ва кумак ба мизоҷ дар масъалаҳои вобаста ба автоматикунонии фаъолияти ӯ.
• Насб ва танзими барнома ва таҷҳизот
Насб кардани барнома дар компютери мизоҷ, пайваст ва танзим кардани принтер, сканер, тарозу ва дигар таҷҳизоти автоматикунонӣ.
Дар баъзе ҳолатҳо корҳои оддии техникӣ, аз ҷумла пайвасткунӣ ва гузаронидани кабелҳо низ лозим мешаванд.
• Омӯзонидани мизоҷон
Баъди насб корманд ба мизоҷ ва кормандони ӯ тарзи дурусти истифодаи барнома ва таҷҳизотро мефаҳмонад ва меомӯзонад.
Корманд барои иҷрои ин корҳо аз ҷониби ширкат омӯзонида мешавад. Баъди омӯзиш бояд тавонад мустақилона ба назди мизоҷ рафта, насб ва танзимро анҷом диҳад ва тарзи истифодаи системаро ба мизоҷ омӯзонад.
ТАЛАБОТ:
• Масъулиятнокӣ, интизом ва муносибати ҷиддӣ ба кор
• Хоҳиши кор кардан, омӯхтан ва рушд кардан
• Малакаи кор бо компютер ҲАТМӢ аст
Номзад бояд истифодаи оддии Windows, барномаҳо, файлҳо ва танзимоти асосии компютерро донад.
• Қобилияти зуд омӯхтан ва баъди омӯзиш мустақилона иҷро кардани вазифаҳо
• Муоширати хуб бо мизоҷон ва қобилияти бо забони сода фаҳмонидан
• Сари вақт ба кор омадан ва иҷро кардани вазифаҳои супоридашуда
• Омодагӣ ба сафарҳои хизматӣ барои насбкунӣ дар дохили шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо
• Синну сол: 21–30 сол
МУҲИМ:
Таҷрибаи корӣ маҳз дар соҳаи автоматикунонӣ ҳатмӣ нест. Тарзи кор бо барнома ва таҷҳизоти моро ширкат омӯзиш медиҳад.
Аммо малакаи кор бо компютер, масъулиятнокӣ, интизом, қобилияти омӯзиш ва хоҳиши кор кардан барои ин вазифа зарур аст.
Бо назардошти хусусияти кор — сафарҳои хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳо, насб ва пайваст кардани таҷҳизот ва дар баъзе ҳолатҳо корҳои техникӣ ва гузаронидани кабелҳо — ин вазифа бештар барои мардон мувофиқ мебошад.
Агар шумо ба талаботи боло мувофиқ бошед, барои омӯхтан ва иҷрои масъулиятҳои корӣ омода бошед ва хоҳиши кори доимӣ ва дарозмуддат дошта бошед — метавонед ба мо муроҷиат кунед.
МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:
• Омӯзиш ва дастгирӣ аз ҷониби ширкат
• Кор дар ширкати устувор
• Офиси бароҳат дар маркази шаҳри Душанбе
• Пардохти хароҷоти нақлиёт ҳангоми сафарҳои хизматӣ
• Маош: шартномавӣ + бонусҳо (3000с + то 2000с бонус)
Ҳама шароити корӣ фароҳам аст.
Рӯзҳои корӣ: Душанбе – Шанбе
Соати корӣ: аз 08:00 то 18:00
Instagram: Somon_Pos.tj
Хоҳишмандон резюме (CV)-и худро тариқи WhatsApp ба рақами зерин ирсол намоянд.
Ҳангоми муроҷиат ҳатман номи вакансияро нависед.
Муроҷиатҳо тариқи WhatsApp қабул карда мешаванд.
WhatsApp:
94 111 11 07