Мутахассиси қарздиҳи дар н. Хуросон

Хуросон
Опубликовано: 01.05.2024 14:54 Номер объявления: 11717195
  • Стаж: Любой
  • Название, адрес компании: кучаи И. Сомони 50
  • График: Полный день
  • Сфера деятельности компании: Ташкилоти амонатии қарзии хурд

ҶДММ ТҚХ OXUS яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна медиҳад. OXUS Group инчунин дигар филиалҳо дорад, ки дар Қирғизистон ва Афғонистон фаъолият мекунанд.

ҶДММ ТҚХ OXUS, ки дар зиёда аз 35 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда, довталабонро барои ишғоли ҷойҳои холӣ даъват менамояд.

Вазифаи ишғолкунанда: Мутахассиси Қарздиҳӣ

Ҷои фаъолият: н. Хуросон

Вазифаҳои асоси:

• Тадқиқот/ пайдо намудани муштариёни эҳтимоли;

• Ба имзо расонидани шартномаҳо, тақсими қарзҳо, назорат намудани супоридани пардохти қарзҳо.

• Мониторинг(назорат)-и мизоҷон.

Талаботҳои тахассусӣ:

• Маълумоти оли;

• Маҳорати иртиботии хуб. Бо забонҳои тоҷики ва руси ҳарф задан.

• Таҷрибаи кор дар ташкилотҳои хурди қарздиҳи дастгири карда мешавад.

• Малакаҳои шахси, қобилияти кор дар як даста;

• Ҳисси баланди масъулият.

Шароити хуби кори:

• Пардохти алоқаи мобилӣ;

• Сари вақт гирифтани музди меҳнатӣ;

• Омузишҳо ва тренингҳо;

Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.

Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд:

н. Хуросон, чамоати шахраки Обикиик, кучаи И. Сомонӣ, хонаи 50

Ё ин ки бо почтаи электронии зерин бо нишон додани - « Мутахассиси Қарздиҳӣ » дар мавзуи мактуб равон намоед

kurgantube.administration@oxus-tj.org ё ozoda.abbosova@oxus-tj.org

Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 31 Майи соли 2024.

Рақами телефон: (992) 918 23 06 85

Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд

Похожие объявления

  • Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон
    Уҳдадориҳои асосӣ:• Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо. • Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо. • Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд. • Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои FORS ва таъминоти барномавии низоми интиқоли маблағҳо. • Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо. • Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо. • Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.• Гузаронидани расмиёти ифтитоҳӣ (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.• Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.• Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо. Талабот нисбати номзадон:• Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;• Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;• Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;• Таҷрибаи корӣ дар НАБ Flexcube;• Донишу малакаҳои кор бо компютер (Word, Excel, Internet, Outlook);• Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ________________________________________Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. ________________________________________Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 6 июни соли 2023 ба суроғаи н. Хуросон, ҷамоати деҳоти С.Айни, деҳаи Уяли, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот(+992) 93 119 31 96Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 25.05.2024 20:09, Хуросон
    Вакансии » Банки, страхование, лизинг


  • Договорная
    Д.Т

    На сайте с сен, 2023

    Другие объявления автора
    Поделиться
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Сохраняйте избранные поиски!
    Нажмите кнопку "Сохранить поиск" на странице поисковой выдачи
    Следите за обновлениями в разделе "Избранное"
    Добавляйте объявления в избранное
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления