Муҳосиб дар ш.Бохтар
- Стаж: от 1 года
- Название, адрес компании: Фуруз
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Ташкилоти Амонати Қарзии Хурд
Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» зиёда аз 130 корманд дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8 то марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Муасиссони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Назорати воситаҳои асосии ташкилот, тартиб додани хуҷҷатгузории қайди ҳаракат ва гузаронидани инвентаризатсияи воситаҳои асосӣ;
• Тайёр кардани ҳисоботҳои авансӣ ва дохил кардани онҳо ба базаи маълумотҳо;
• Назорат ва дохил кардани маълумотхо дар ҳисобҳои муҳосибӣ;
• Иштирок дар чорабиниҳои ба низом даровардани кори муҳосибии ташкилот;
• Тайёр кардани ҳисоботҳои муҳосибӣ, оморӣ, андоз, БМТ ва дигар ҳисоботҳои дохилӣ ва берунӣ;
Талабот:
• Маълумоти олӣ ё миёнаи махсус;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот;
• Маълумот дар соҳаи молия ва қарздиҳӣ афзалиятнок дониста мешавад;
• Донистани қонунҳои амалкунанда ва санадҳои нормативӣ аз рӯи ҳисоби муҳосибӣ ва андозситонӣ;
• Таҷриба ва дониши хуб бо компютер (Microsoft Excel ва Word) ;
• Меҳнатдӯст будан ва хоҳиши пешрафт кардан дар соҳаи молиявӣ;
• Маҳорати хуби муошират ва кор дар даста.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Саридораи ташкилоти қарзии “Фурӯз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48;
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"