Сармутахассиси аудитори дохила
- Стаж: от 3 лет
- Название, адрес компании: куч. Назаршоева 80
- График: Полный день
- Сфера деятельности компании: Сармутахассиси аудитори дохила
Ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти қарзии ғайрибонкии " Васл" дар ш. Душанбе Сармутахассиси Аудитори дохила лозим аст.
Вазифаҳои асосӣ:
• Мусоидат ва иштироки бевосита дар банақшагирии аудитҳо, арзёбии хатарҳо, таҳияи барномаҳои аудит, методологияи аудит ва ташкили фаъолияти Раёсати аудити дохилӣ;
• Мутобиқи нақшаи аудит сари вақт гузаронидани санҷишҳо, мунтазам ба роҳбари бевосита пешниҳод намудани мушоҳидаҳо ва таҳлилҳои муфассал аз рӯи натиҷаҳои аудит;
• Дар ҳолати зарурӣ гузаронидани санҷишҳои махсус ва тафтишоти дохилӣ;
• Муайян ва арзёбии хавфҳо дар низоми назорати дохилӣ, арзёбии мутобиқати равандҳои бизнеси мавҷуда ба талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмили низоми назорати дохилӣ;
• Идоракунии фаъолияти кормандон дар гурӯҳи корӣ, баҳодиҳии кори онҳо;
• Мониторинги иҷрои тавсияҳо аз рўи натиҷаҳои санҷишҳо.
Талабот:
• таҳсилоти олӣ (дар соҳаҳои иқтисод, молия, ҳуқуқ, менеҷмент, технологияҳои иттилоотӣ афзалиятнок дониста мешаванд);
• На камтар аз 3 сол таҷрибаи корӣ дар муассисаҳои молиявӣ ё ширкатҳои аудиторӣ;
• Таҷриба дар аудити дохилӣ/берунӣ ё таҳлили молиявӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
• Донистани талаботи асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, ки фаъолияти ташкилотҳои молиявиро танзим мекунанд;
• Донистани стандартҳои МСФО, стандартҳои байналмилалии аудити дохилӣ, андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Таҷриба ва дониш дар арзёбии хатарҳо;
• Доштани шаҳодатномаҳои тахассусии CAP/CIPA/CIA/GARP бартарият аст;
• Дониши хуби забони давлатӣ ва русӣ барои ҳисоботдиҳии мунтазами аудиторӣ. (донистани забони англисӣ бартарият аст);
• Омодагӣ ба сафарҳои корӣ ба воҳидҳои сохтории Ташкилот;
• Қобилияти истифодабарии компютерҳо ва таҷҳизоти идоравӣ;
• Истифодабарии боэътимоди бастаи MS Office;
• Таҷриба бо AБС (барномаҳои бонкӣ);
• Таваҷҷуҳи зиёд ба соҳаи аудит;
• Қобилияти кор дар даста ва ба осонӣ пайдо кардани ҳамдигарфаҳӣ, инчунин рафтори боваринок ва касбӣ ҳангоми кор бо ҳамкорон ва мизоҷон.
Шартҳо:
• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа
• Музди меҳнат шартномавӣ
• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) то 21 ноябри 2023с. ба суроғаи электронии hr@vasl.tj равона кунанд.
Суроға: ш. Душанбе, куч. Назаршоев 80 мебошад.
Телефон барои маълумот : 981112647
Похожие объявления
Следите за обновлениями в разделе "Избранное"