Қоидаҳои бехатарӣ дар Somon.tj

Қоидаҳои бехатарӣ дар Somon.tj

 

Машваратҳои умумӣ оид ба бехатар истифода бурдани Somon.tj

 

Аз аксари фиребҳо ва қаллобгарӣ эмин буда метавонед, агар ин қоидаҳои асосии бехатариро риоя намоед:

 

  1. Дилпур бошед, ки шумо бо Somon.tj дар робита ҳастед. Агар аз шумо хоҳиш кунанд, ки ба дигар саҳифа гузаред ва барои дохил шудан ба Somon.tj рақами телефонро нависед, шумо ин корро накунед, зеро аз суратҳисоб пул гирифта мешавад.
  2. Аз пешниҳодҳои бениҳоят дастрас эҳтиёт бошед. Агар нарх ба шумо хеле арзон тобад, гувоҳии худро гуш кунед — шояд дар эълон моли қалбакӣ ё пастсифат аст.
  3. Молҳоеро интихоб кунед, ки дар наздикии хонаи худ харидорӣ карда мешаванд. Агар фурӯшанда пешпардохт талаб кунад, ва гӯяд, ки мол дар дигар шаҳр ё давлат қарор дорад, беҳтараш касеро ёбед, ки бо шумо рӯ ба рӯ вохурда тавонад.
  4. Маълумоти махфии худро (шиноснома, корти бонки, смс-код) ба ҳеҷ кас надиҳед. Агар кушиш кунанд, ки шуморо розӣ кунонанд — ин худ якум нишонаи он аст, ки шумо бо харидор ё фурӯшандаи бевиҷдон дар алоқа ҳастед.
  5. Бо фурӯшанда дар ҷои бехатар рӯ ба рӯ вохуред. Ин усул хавфи фиреб хурданро ба сатҳи минималӣ меорад. Шумо худатон шахсан сифат ва ҳолати молро тафтиш карда метавонед.
  6. Пулҳои қоғазӣ ва тангаҳоро дар равшанӣ бодиққат тафтиш кунед. Имконияти гирифтани пулҳои қалбакиро кам кунед.

 

   Эҳтиёт бошед:

 

  • Somon.tj ҳеч вақт аз шумо ҷавоб ба SMS талаб намекунад. Агар ба шумо пас аз гузоштани эълон паёмаки хаттӣ бо матни «Барои фаъол кардани эълон ба ин рақам ОК равон кунед» омада бошад ё ин ки дар бораи чизеро ғалаба кардан — ин фиреб аст, бовар накунед.
  • Ҳеҷ вақт ва ба ҳеч кас нагӯед кодеро, ки тариқи SMS аз Somon,tj ба шумо равон мешавад. Ягон нафар, аз он ҷумла кормандони Somon.tj аз шумо кодро намепурсанд. Танҳо фиребгарон мепурсанд.
  • Ба нархи гузошташудаи мол аҳамият диҳед: агар нарх хеле арзон ё хеле қимат бошад — шояд шумо бо фурӯшандаи беинсоф дар алоқа ҳастед.
  • Пулҳои коғазии калонро бодиққат тафтиш кунед. Фиребгарон метавонанд бо пулҳои қалбакӣ пардохт кунанд.
  • Агар фурӯшанда гӯяд, ки мол дар дигар шаҳр ё давлат қарор дорад ва пардохти роҳкиро ва суғуртаро талаб кунад — шояд шуморо фиреб кардан мехоҳад.

 

Ҳайати Somon.tj ғамхори бехатарии шумо аст, хоҳишмандем, бо машваратҳои зерин амал кунед:

 

  • Агар ба шумо SMS-хабар оиди равон кардани паёмак бо код ба ягон рақами кӯтоҳ барои кушодани саҳифаи шахсӣ равон шавад, ё ин ки фаъолкунии эълон, ё ин ки SMS аз рақами кӯтоҳ бо саволҳо оид ба эълон равад — эҳтиёт бошед, ба ин гуна хабар ва паёмакҳо аҳамият надиҳед.
  • Агар ба шумо занги телефонӣ шавад, дар бораи он, ки шумо бурд кардед: саёҳат ба хориҷа, сертификат ба кошанаи ҳусн, автомобил — эҳтиёт бошед ва ба ин гуна фиреб бовар накунед. Somon.tj ин хел зангҳоро ба ягон кас равон намекунад.
  • Агар нархи моли нав дар эълон ба шумо хеле арзон тобад, шояд дар эълон моли қалбакӣ ё пастсифат аст.
  • Вохӯрӣ бо фурӯшанда дар ҷойҳои ҷамъиятӣ (дар майдони серодам ва қаҳвахона) — ин яке аз усулҳои бехатар ва кафолатноки харидорӣ кардан аст. Somon.tj маслиҳат медиҳад, ки пулро шахсан ба дасти фурушанда диҳед ва молро дар назди он кас гиред.
  • Агар фурӯшанда гӯяд, ки мол дар дигар шаҳр ё давлат қарор дорад ва пардохти роҳкиро ва суғуртаро талаб кунад, шояд шуморо фиреб кардан мехоҳад.
  • Ба шумо пардохти молро тариқи интиқоли маблағ пешниҳод карда метавонанд. Ба сифати кафолат, фурӯшанда маслиҳат медиҳад, ки аввал пулро ба номи ягон шинос ё рафиқи худ равон кунед. Пас аз равон шудани маблағ аз шумо коди тасдиқро талаб мекунад. Мутаасифона, баргардонидани маблағ дар ин ҳолат ба шумо хеле мушкил мешавад.
  • Маблағҳоро бодиққат тафтиш кунед. Фиребгарон метавонанд бо пулҳои қалбакӣ пардохт кунанд.

 

Агар ба шумо ягон эълон ё фурӯшанда дар Somon.tj шубҳанок тобад — бе ягон дудилагӣ ба мо хабар диҳед. Ин корро дар саҳифаи худи эълон иҷро карда мешавад, бо зер кардани тугмачаи «Даъво кардан» ё ба мо навиштан.

 

Истифодабарандагони мӯҳтарам, ҳушёр бошед, ба ҳилаҳои қаллобон наафтед!

 

Усулҳои машҳури қаллобӣ ва чи гуна бояд аз онҳо пешгирӣ кард

 

Фиристодани мол тавассути почта ва бо пешпардохт

Фурӯшанда шахсан мулоқот карданро рад мекунад ва омода аст, ки маҳсулотро танҳо тавассути почта равон кунад, бо он шарте, ки пардохти пурра ё қисман пешпардохт карда мешавад. Одатан, пас аз равон кардани пешпардохт, шумо пулатонро баргардонида наметавонед. Мо тавсия медиҳем, ки маҳсулоти монандро дар наздикии худ пайдо кунед ё аз хизматрасониҳои фурӯшанда ва мағозаи аллакай боваринок истифода баред.

Талабот ба ҷавоб додан ба SMS

Ба шумо SMS аз номи Somon.tj равон мешавад, бо пешниҳод ё талаботи равон кардани матн ба рақами кутоҳ, гуё ба эълон ҷавобҳо гирифтаед ё аккаунти шумо баста шудааст. Агар шумо ба чунин рақами кӯтоҳ, паёмак фиристед, аз ҳисоби шумо пул гирифта мешавад ва шумо онро баргардонида наметавонед. Мо тавсия медиҳем, ки ба чунин паёмҳо посух надиҳед ва ба оператори мобилии худ муроҷиат кунед.

Ба кор қабул кардан танҳо бо пешпардохт

Пас аз мусоҳиба аз шумо талаб мекунанд, ки маблағеро супоред «барои бастани шартнома», «хизматрасонии иттилоотӣ», «китобчаи тиббӣ», «шаҳодатномаи корӣ» ё «лавозимоти таълимӣ барои кор дар хона». Ягон ширкат ва корхонаи ҷиддӣ аз коргарони худ пеш аз қабул кардан ба кор маблағ намегирад. Мо тавсия медиҳем, ки ҷои кори дигар ҷустуҷӯ кунед.

Пешниҳоди маълумоти шахсӣ

Фурӯшанда (ё харидор) бо ин ё он баҳона кушиш мекунад, ки маълумоти шахсии шуморо гирад — рақам ва коди корти бонкӣ, суратҳисоб ва ғайра. Пешниҳоди чунин маълумот амнияти молиявӣ ва шахсии шуморо зери хатар мегузорад. Мо тавсия медиҳем, ки маълумоти шахсии худро пинҳон нигоҳ доред ва ба чунин схемаҳои пардохт дохил нашавед, ки тарзи кори онҳоро шумо пурра намефаҳмед.

 

Тарзи алоқа ба фурӯшанда, харидор

 

Харидор бо фурӯшандаи маҳсулот тавассути телефон тамос мегирад ё дар чат сӯҳбат мекунад. Somon.tj тавсия медиҳад, ки ҷузъиёти муомилот дар паёмҳо баррасӣ шавад, то ин ки байни тарафҳо нофаҳмӣ ба вуҷуд наояд. Аз ҷумла, шумо бояд нишон диҳед:

  • маблағи аниқи пардохт (агар зарур бошад, нархи худи маҳсулот ва арзиши бурда расонидан);
  • шартҳои вохурӣ ё суроғае, ки шумо молро ба он пас аз гирифтани пардохт мефиристед.

Харидор ҳамеша дар ташвиш аст, ки бо маҳсулоти харидааш чӣ мешавад – аз ин сабаб ӯро огоҳ кунед. Вобаста ба шартҳои муомилот, агар шумо пардохтро тавассути интиқол бояд гиред ва молро тавассути почта равон кунед, пас инро ба ӯ хабар диҳед:

  • ки маблағи равон кардаи ӯ ба ҳисоби шумо гузаштааст;
  • ки шумо молро равон кардед (агар имконпазир бошад, рақами интиқолро нишон диҳед).

 

Ҳайати Somon.tj ғамхори шумо аст!

 

Error 400
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления