Хазинадор дар шаҳри Истаравшан
ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд.ҶДММ ТАҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд: Хазинадор дар шаҳри Истаравшан.Вазифаҳои Хазинадор иборатанд аз:1. Хизматрасонии фаври ва босифат ба мизоҷони бонк, конеъгардонии, талаботҳои қонунии мизоҷон. Оиди қабулу супориши пулҳои нақд;2. Иҷроиши бевоситаи амалиётҳои бонки, вобаста бо қабул, ҳисоб, коркард, содир ва нигоҳдории воситаҳои пулии нақд, коғазҳои қимматбаҳо ва дигар арзишҳои бо риоянамудани қоидаҳои нигоҳдории онҳо;3. Иҷроиши вазифаҳои вобаста аз тақсимоти кор дар назди у гузошта шуда, аз қабили амалиётҳои воридотиву, содиротии пулҳои нақд, бозшумории воситаҳои пули, мураттабсози ва тоза кардани онҳо, тафтиши асъори милли, муайян кардани калбакии онҳо;4. Бурдани китобҳои хазинави аз руӣ воридот ва хароҷоти пули нақд;5. Дар вақти набудани кормандони дигари шӯъба (рухсатии меҳнати, беморӣ, сафари хизматӣ) муваққатан иҷро намудани вазифаи онҳо;6. Вобаста аз дастурамалҳои Бонки Миллии Тоҷикистон, ки ба амалиётҳои хазинави таалук доранд бо вазифагузории сардори шӯъбаи амалиётҳои хазинави/мудири хазина иҷро намудани вазифа ва уҳдадориҳои нозир (мудири кассаи бозшумори)7. Гирифтани пули нақд аз ҳисоби бонкҳо ва додани пули нақд ба бонк ба Саридора;8. Додани пули нақд аз хазина танҳо дар сурати мавҷудияти иҷозати дахлдори пешакии роҳбарият ва мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои дахлдори тасдиқкунандаи шахсият дар шахси пулгир;9. Гузаронидани амалиёт оид ба қабул, додан ва маҳфуз доштани маблағҳои пулӣ ва бланкҳои ҷиддии ҳисоботӣ дар хазинаи филиал;10. Таҳия кардани ордерҳои даромад ва хароҷоти хазина дар барномаи Иттилоотӣ Муҳосибот;11. Қабул ва санҷиши ҳуҷҷатҳои аввалияе, ки дар мавриди мавҷудияти имзо ва дигар талаботҳои ҳатмӣ барои ҳисобдорӣ ворид мешаванд;12. Ҳаррӯза таъмин кардани иттилои мубодилаи асъор ва дар ҷойи намоён овезон кардан;13. Қабул ва супурдани молу мулки ба гаравгузошташуда;14. Дар муҳофизат нигоҳ доштани арзишҳо/қиматҳо, дар ҳудуди салоҳияти худ;15. Риоя кардани меъёри хазинаи муқарраршуда, дар мавриди аз меъёр дур шудан саривақт ба Муҳосиби филиал хабар расондан;16. Риояи ҷидди қоидаи кор бо Барномаҳои иттилоотии муҳосибот ва қарзӣ (агар иҷозат дода бошад);17. Иҷро кардани дигар супоришҳои махсус, ки аз тарафи роҳбарияти бевосита дода мешавад.
2 ҳафта пеш Истаравшан

Игра Operation flashpoint 2 dragon rising
2 ҳафта пеш Истаравшан

Игра Raid world war ii special edition на пк
2 ҳафта пеш Истаравшан

Игра Raiders of the broken planet на пк
2 ҳафта пеш Истаравшан

Игра Land of war - the beginning на пк
2 ҳафта пеш Истаравшан

Игра Call of duty modern warfare 1.2.3
2 ҳафта пеш Истаравшан

Игра Call of duty advanced warfare
2 ҳафта пеш Истаравшан

Opel Astra G, 1998
2 ҳафта пеш Истаравшан