Корманди қарзӣ дар н.Рудакӣ
- Таҷриба: Бе таҷриба
- Ном ё суроғаи ширкат/корхона: Фуруз
- Реҷаи кор: Рузона
- Самти фаъолияти ширкат/корхона: Микрокредитная депозитная организация
“Фуруз” – ташкилоти амонатии қарзии хурд буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои тиҷорат, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна медиҳад.
Саридораи Ташкилот дар ш.Бохтар буда, айни ҳол марказҳои хизматрасонии мо дар шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Бохтар ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷ.Балхӣ, Шаҳритус, Ҳамадонӣ бомуваффақият фаъолият доранд. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимоли, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;
• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;
• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;
• Аз болои фаъолияти соҳибкории мизоҷон назорат бурдан ва маслиҳат додан оид ба ҳисобу китоб, нақшакашии тиҷорат ва муносибати ба одоб нисбат ба тиҷорати худ.
Талабот ба номзадҳо:
• Маълумоти миёна (ё олӣ);
• Тассавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;
• На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;
• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;
• Тавонистан кор бо компютер (Excel, Word).
Маоши хуб ва рақобатпазир вобаста ба сифати иҷроиши кор ва идораи сандуқи қарзи муқаррар карда мешавад.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 7272, 988 22 02 91.
Эълонҳои монанд




Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust