Корманди қарзӣ дар шахри Душанбе
Вазифаҳои асосӣ:
• Ҷалб намудани қарзгирони эхтимоли, гузаронидани таҳлили пардохтпазирии мизоҷон ва назорат аз болои қарзгирон то пардохти пурраи қарз;
• Маслиҳатдиҳӣ ба соҳибкорон доир ба тиҷоратҳои хурду миёна;
• Тақсимоти қарзхо барои тараққии тиҷоратҳои хурду миёна;
• Аз болои фаъолияти соҳибкории мизоҷон назорат бурдан ва маслиҳат додан оид ба ҳисобу китоб, нақшакашии тиҷорат ва муносибати ба одоб нисбат ба тиҷорати худ.
Талабот ба номзадҳо:
• Маълумоти миёна (ё олӣ);
• Тассавурот доштан оиди ягон намуди соҳибкорӣ;
• На камтар аз 6 моҳ таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;
• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;
• Малакаи кор бо компютер (Excel, Word).
Маоши хуб ва рақобатпазир вобаста ба сифати иҷроиши кор ва идораи сандуқи қарзӣ муқаррар карда мешавад.
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба ташкилоти амонатии қарзии “Фурӯз” дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 269/2 (9км) пешниҳод намоед: ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-22-02-91, 7272.
Маълумот оиди Фуруз:
Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзи ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани чойи кор мебошад. Дар Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» 180 корманд дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8 то маркази хизматрасонии бонкӣ фаъолият доранд. Муассисони ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед