Фаррош – ВМКБ КАТС
Духтурони бидуни марз Д.Б.М (MSF) — иттиҳодияи мустақили байналмилалии тиббӣ-гуманитарӣ буда, ба одамоне, ки аз муноқишаҳои мусаллаҳона, эпидемияҳо, маҳдуд будани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва офатҳои табиӣ ё аз ҷониби инсон баамаломада осеб дидаанд, ёрии таъҷилӣ мерасонад.
Д.Б.М (MSF) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон (ВТ ва ҲИА ҶТ) ва Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил (БМҲАБС), лоиҳаеро оид ба ҳамгироии хизматрасониҳои марбут ба бемории сил ва ВНМО дар сатҳи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ ва дуюмидараҷаи тиббӣ дар шаҳри Хоруғ, ноҳияи Рӯшон ва дигар ноҳияҳои мувофиқашуда дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) оғоз менамояд
Д.Б.М (MSF) ҳоло барои лоиҳаи КАТС дар ВМКБ, ки дар шаҳри Хоруғ ҷойгир аст, барои ишғоли вазифаи «Фаррош» шахси соҳибтахассус, қобилиятнок, чандир ва ҳавасмандро ҷустуҷӯ менамояд.
Д.Б.М (MSF) маҷмӯи имтиёзҳоро пешниҳод менамояд (25 рӯзи кории рухсатии меҳнатии ҳарсола, хизматрасонии тиббӣ, имкониятҳои омӯзишӣ вобаста ба зарурат ва рушди касбӣ), инчунин имконияти кор кардан дар як созмони байналмилалии маъруфи башардӯстона.
Маҳалли кор: Хоруғ, Тоҷикистон.
Ҳадафи асосии вазифа:
Мутобиқи стандартҳои гигиенӣ, иҷро намудани корҳои хонагӣ, тозакунӣ ва ба тартиб даровардани ҷойҳо бо мақсади таъмини ҳолати хуби минтақаҳои умумӣ ва ҷойҳои хусусии кормандон.
Масъулиятҳо:
• Тоза кардани хобгоҳҳо, ҳаммомҳо, ҳоҷатхонаҳо ва дигар ҳуҷраҳои дафтар ва манзилҳои Д.Б.М (MSF).
• Шустани либосҳо, дарзмол кардани онҳо ва иҷро намудани дигар корҳои хонагӣ.
• Кӯмак расонидан ба ошпаз (шустани зарфҳо, тоза кардани ошхона ва ғайра).
• Рӯбучин ва шустани фаршҳо.
• Пурра кардани захираҳои маводи зарурӣ (коғази ҳоҷатхона, собун ва ғайра) вобаста ба зарурат.
• Ҳангоми расидан ба кор, омода намудани оби гарм барои чой/қаҳва ва пур кардани зарфҳои оби нӯшокӣ.
• Санҷидани он, ки дар ҳоҷатхонаҳо ба миқдори кофӣ коғази ҳоҷатхона ва собун мавҷуд бошад.
• Санҷидани он, ки ҳангоми қатъ шудани об захираи об барои ошхона, душ ва дигар ҷойҳо кофӣ бошад.
• Таъмин намудани дуруст баста ва қулф будани биноҳо ва ҳуҷраҳо (дарҳо, тирезаҳо).
Талаботҳо:
Сатҳи Маълумотнокӣ ва дониш: Талаб карда намешавад.
Таҷриба: Таҷрибаи қаблӣ ҳамчун фаррош афзалиятнок мебошад.
Донистани забонҳо: Забони маҳаллӣ ҳатмист.
Салоҳиятҳо:
• Садоқатмандӣ
• Чандирӣ
• Идоракунии руҳафтодагӣ (стресс)
• Натиҷаҳо
• Кори дастаҷамъона
Лутфан CV ва номаи муқаддимавии худро ба суроғаи зерин ирсол намоед:
gbao-hrmngr@oca.msf.org
(Лутфан дар сатри мавзӯи мактуб вазифаи дархостшавандаро нишон диҳед, масалан: « Cleaner application - Ному насаби шумо»)
Муҳлати пешниҳоди аризаҳо — 6 сентябри соли 2026, соати 00:00 (бо вақти маҳаллӣ).