somon
ВоридшавӣДохил кардани эълон
Тамосгирӣ бо моХаритаи сомонаХаритаи минтақаҳоДастгирӣ
Қоидаҳои бехатарӣҶои кор дар сомонаи моСозишнома бо истифодабарандагонШартномаи хизматрасонии пулакӣ
Шартномаи иҷозатномадиҳӣСиёсати махфиятНархномаБойгонии таҳрири Қоидаҳои сомонаи
Дохил кардани эълон
somon
tgfbinsta

Камераи телефонро кушоед ва барномаро насб кунед

QR Code
larixonclassifieds.com
  1. Ҳама эълонҳо
  2. Ҷои кор
  3. Истеҳсолот, энергетика

Мутахассиси барқ электрик

Имрӯз
33
Таҷриба:
аз 1 сол
Ном ё суроғаи ширкат/корхона:
InterСохтмон
Реҷаи кор:
Рузона
Самти фаъолияти ширкат/корхона:
Строительство
Минтақа:Душанбе

Тавсиф

🏗 ВАКАНСИЯИ КОРӢ МУТАХАССИСИ БАРҚ (ЭЛЕКТРИК) Ширкати «Интерсохтмон» ба дастаи худ мутахассиси соҳибихтисосро ба вазифаи Мутахассиси барқ (Электрик) даъват менамояд. ТАЛАБОТ БА НОМЗАД: • Маълумоти миёнаи махсус ё олии техникӣ дар соҳаи энергетика, электротехника ё самти дахлдор; • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи электрикӣ на кам аз 1 сол; • Донистани қоидаҳои бехатарии барқ ва талаботи техникии дахлдор; • Донистани тарзи насб, истифода ва таъмири таҷҳизоти барқӣ; • Малакаи кор бо асбобҳо ва таҷҳизоти барқӣ; • Қобилияти хондан ва фаҳмидани нақшаҳо ва схемаҳои барқӣ; • Масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ ва муташаккилӣ; • Риояи қатъии қоидаҳои техникаи бехатарӣ. ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ: • Насб, васлкунӣ ва ба истифода додани таҷҳизоти барқӣ; • Санҷиш ва таъмири таҷҳизот, шабакаҳо ва системаҳои барқӣ; • Назорати ҳолати техникии таҷҳизот ва хатҳои барқӣ; • Муайян ва бартараф намудани нуқсонҳо ва носозиҳои системаи барқӣ; • Иҷрои корҳои барқӣ тибқи нақшаҳо, схемаҳо ва талаботи техникӣ; • Риоя ва назорати қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои барқӣ; • Нигоҳдорӣ ва истифодаи дурусти асбобу таҷҳизоти барқӣ; • Иҷрои дигар вазифаҳои марбут ба самти фаъолияти корӣ. МО ПЕШНИҲОД МЕНАМОЕМ: ✔️ Ба расмият даровардани муносибатҳои меҳнатӣ тибқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. ✔️ Маоши рақобатпазир, ки вобаста ба натиҷаи суҳбат, таҷрибаи корӣ ва сатҳи тахассусии номзад муайян карда мешавад. ✔️ Низоми шаффофи ҳавасмандгардонии моддӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти корманд. ✔️ Фаъолият дар яке аз ширкатҳои пешбари сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сохтмонӣ. ✔️ Муҳити кории муосир ва бароҳат, ки бо тамоми шароити зарурӣ барои фаъолияти самаранок таъмин шудааст. ✔️ Нақлиёти корпоративӣ барои кормандони идораи марказӣ. ✔️ Хӯроки ташкилшуда барои кормандони ширкат. ✔️ Алоқаи мобилии корпоративӣ ва интернети баландсуръат барои иҷрои вазифаҳои корӣ. ✔️ Омӯзиши касбӣ, такмили ихтисос ва рушди малакаҳои касбӣ. ✔️ Имкониятҳои рушди мансабӣ ва пешрафти касбӣ дар дохили ширкат. ✔️ Сафарҳои хизматӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишварҳои хориҷӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаҳо, омӯзиш, табодули таҷриба ва гузаронидани вохӯриҳои корӣ. ✔️ Кор бо технологияҳои муосир, таҷҳизоти пешрафта ва таҷрибаи беҳтарини соҳавӣ. ✔️ Дастгирии мутахассисони соҳибтаҷриба, дастаи касбӣ ва фарҳанги корпоративӣ, ки ба рушд, натиҷагирӣ ва ҳамкории дарозмуддат равона шудааст. 📍 ҶОЙИ КОР: Душанбе 📩 БАРОИ ИРСОЛИ РЕЗЮМЕ (CV): 📧 interr.s.hr@gmail.com 📧 jobs@intersokhtmon.tj 📧 j.shodmonov0094@gmail.com 📞 Рақами асосӣ: +992 711 117 337 📱 Рақами иловагӣ (Telegram / WhatsApp): +992 711 117 337 +992 710 301 111 📌 Барои баррасии номзадӣ, резюме (CV)-и худро ба яке аз суроғаҳои электронии дар боло зикршуда ирсол намоед ё тавассути WhatsApp / Telegram бо мо тамос гиред. 📌 Ҳангоми ирсоли резюме, ҳатман номи вазифаи дархостшавандаро дар мавзӯи нома ё паём нишон диҳед. «Интерсохтмон» — дастаи қавӣ, лоиҳаҳои бузург, ояндаи устувор.
Шартномавӣ
INTERSOKHTMON RECRUITMENT
Дар сайт аз Июл 20269 эълони фаъол