📢 ВАКАНСИЯ: БОРБАРДОР дар ш. Ваҳдат
Гурӯҳи ширкатҳои «Фаровон» кормандони масъулиятшинос ва меҳнатдӯстро ба дастаи худ даъват мекунад!
🏢 Ширкати истеҳсолкунандаи орд ва равған «Фаровон» ба вазифаи «Борбардор» корманд қабул менамояд.
📌 ТАЛАБОТ:
• Синну сол аз 25 то 45 сола;
• Ҷисман солим ва қобилияти иҷрои корҳои вазнин;
• Масъулиятшинос ва боинтизом будан;
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи борбардорӣ афзалият дорад;
• Қобилияти кор кардан дар гурӯҳ.
📌 ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:
• Бор кардан ва фаровардани маҳсулоти ширкат;
• Ҷойгир ва ба тартиб даровардани маҳсулот дар анбор;
• Омода намудани маҳсулот барои боркашонӣ;
• Риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор;
• Сари вақт ва босифат иҷро намудани супоришҳои роҳбарият.
🎯 ШАРОИТИ КОР:
• Музди меҳнати рақобатпазир;
• Ҷойи кори устувор;
• Муҳити хуби корӣ;
• Имконияти рушди касбӣ.
📞 Барои гирифтани маълумоти бештар:
+992 555 00 03 01