ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС «Молия» ташкилоти амонатии қарзии хурд буда, муассиси он «LOLC Central Asia Private Limited» мебошад, ки дар зиёда аз 27 кишвари ҷаҳон фаъолияти босамар дорад. Стратегияи асосии ширкат пешниҳоди хизматрасониҳои босифати молиявӣ ба аҳолӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам дар самти хизматрасонӣ ба мизоҷон мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС «Молия» дар зиёда аз 14 шаҳру ноҳия фаъолият намуда, фаъолияти худро фаъолона васеъ менамояд. Вобаста ба васеъшавии фаъолияти ширкат, мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифа: Муҳосиби калон
Ҷои фаъолият: ш. Душанбе (Саридора)
Вазифаҳои асосӣ:
· Ҳисоб намудани захира барои пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
· Таснифи қарзҳо ва назорати дурустии таснифоти онҳо мутобиқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон;
· Омода ва пешниҳод намудани ҳисобот оид ба таснифи қарзҳо ва дигар ҳисоботи танзимкунанда ба Бонки миллии Тоҷикистон;
· Санҷиш ва таҳлили маълумоти муҳосибӣ ва молиявӣ вобаста ба қарзҳо;
· Омода намудани ҳисобҳо, ҷадвалҳои таҳлилӣ ва ҳисоботҳои дахлдор дар MS Excel;
· Таъмини дурустӣ, пуррагӣ ва саривақтии ҳисоботҳои муҳосибӣ ва танзимкунанда;
· Назорати мувофиқати маълумоти ҳисоботӣ ба маълумоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои аввалия;
· Ҳамкорӣ бо сохторҳои молия, идоракунии хавфҳо ва дигар воҳидҳои сохторӣ вобаста ба масъалаҳои ҳисоботдиҳӣ;
· Иҷрои дигар вазифаҳои марбут ба фаъолияти муҳосибот, ки дар раванди мусоҳиба ба таври муфассал шарҳ дода мешаванд.
Талаботи тахассусӣ:
· Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ, муҳосибӣ ё соҳаҳои марбута);
· Таҷрибаи корӣ дар соҳаи муҳосибот на камтар аз 3 сол, беҳтараш дар ташкилоти қарзӣ ё бонк;
· Донистани тартиби баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар ташкилотҳои қарзӣ;
· Донистани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таснифи қарзҳо ва ташаккули захира барои пӯшонидани талафоти имконпазир аз рӯи қарзҳо;
· Таҷрибаи омода намудан ва пешниҳоди ҳисоботҳои танзимкунанда ба Бонки миллии Тоҷикистон;
· Дониши хуби MS Excel ва малакаи кор бо ҳаҷми зиёди маълумот;
· Қобилияти таҳлил намудани маълумоти молиявӣ ва муҳосибӣ;
· Диққати баланд ба ҷузъиёти кор, дақиқӣ ва масъулиятшиносӣ;
· Малакаи қабули қарорҳои дуруст ва пайдо намудани роҳҳои ҳалли масъалаҳои ба миён омада;
· Муносибати созанда барои ҳалли мушкилот;
· Донистани барномаи MFSYS бартарӣ ҳисобида мешавад;
· Донистани забони англисӣ.
Шароити хуби кор:
· Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
· Пардохти алоқаи мобилӣ;
· Омӯзишҳо ва тренингҳо;
· Имконияти рушди касбӣ ва болоравии мансабӣ.