ҶДММ ТАҚХ «ФУРУЗ» аз моҳи марти соли 2006 то инҷониб қарзҳои хурду миёна дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ медиҳад.
Миссияи ФУРУЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойҳои корӣ мебошад.
Муассисони Ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур ҳастанд.
Вазифаи кор:
- риоя намудани санаду меъёрҳои ҳуқуқии БМТ;
- риояи интизоми хазинавӣ ва қоидаҳои дохилӣ;
- хизматрасонӣ ба мизоҷон;
- қабул ва додани пули нақд;
- амалиёти мубодилаи асъор;
- бурдани ҳуҷҷатҳо ва китобҳои хазинавӣ;
- муайян намудани коршоямии пулҳои коғазӣ ва тангаҳо.
Талабот:
- маълумоти миёна ё олӣ (аксар вақт дар соҳаи иқтисодӣ).
- таҷрибаи кор дар соҳаҳои гуногун (дар соҳаи бонк афзалият дорад);
- донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;
- қобилияти робитасозӣ;
- малакаи истифодабарии барномаҳои компютерӣ (MS Office).
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.