Мутахассис оид ба рушди бизнеси саридора
Уҳдадориҳои асосӣ: Иҷрои ҷустуҷӯ ва ҷалби қарзгирандагон/маблаггузорони эҳтимолӣ; Таҳлили фаъолияти соҳибкорӣ ва хонаводагии қарзгирандагони эҳтимолӣ; Баррасии гарав дар сурати зарурият тавассути ин қарз ва омодагӣ барои ҳамаи ҳуҷҷатҳо, ки бо ин алоқаманд мебошанд; Назорати раванди додани қарзҳо ба таври саривақтӣ; Муайян кардани машварат ба мизоҷони нав ва такрорӣ дар бораи шартҳо/фоидаҳои маҳсулотҳои пешниҳодшуда. Талабот нисбати номзадон: Маълумоти олии пурра; Малакаҳои хуби таҳлил ва математика; Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд; Таҷрибаи кор бо компютер (барномаҳои word, excel internet); қобилияти кор кардан дар даста ва мустақилият; Донистани хусусиятҳои хоси деҳот; Донистани забонҳои тоҷикӣ, узбеки ва русӣ; Малакаҳои хуби муоширати хаттӣ ва шифоҳӣ; Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт. Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд. Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 31 августи соли 2026 ба суроғаи ш.душанбе, кӯч. ҷаббор расулов 9, маркази хизматрасонии "сайёр" идораи тақх “финка” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб вазифаи эълоншударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (+992) (44) 6002323 Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба ташкилоти мо!
1 ҳафта пеш Душанбе
Таҳлилгари қарз
Тавсифи мухтасари вазифа:Таҳлилгари қарзӣ барои баррасӣ ва таҳлили дархостҳои қарзӣ, омода намудани хулосаҳо ва тавсияҳо ҷиҳати қабули қарорҳои қарзӣ, инчунин таъмини дурустии маълумот дар низомҳои автоматикунонидашуда масъул мебошад.Дар ин мансаб шумо имконият доред малакаҳои таҳлилии худро рушд диҳед, бо равандҳои қабули қарорҳо аз наздик шинос шавед ва дар беҳтар намудани сифати портфели қарзӣ саҳм гузоред._____________________________________________________________________________Талабот ба номзад: • Таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус дар соҳаи иқтисодиёт, молия ё соҳаҳои марбут;• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи қарздиҳӣ, молиявӣ ё маблағгузории хурд (ҳадди ақал 2 сол);• Таҷрибаи кор ҳамчун коршиноси қарзӣ хуш пазируфта мешавад;• Ҳамзамон, номзадҳое, ки таҷрибаи амалӣ дошта, хоҳиши рушд дар самти таҳлил доранд, низ баррасӣ мешаванд;• Фаҳмиши умумии равандҳои қарздиҳӣ ва баҳодиҳии хавфҳо;• Малакаҳои таҳлил, кор бо маълумот ва қабули қарор;• Саводнокии хуби компютерӣ (махсусан Excel);• Таҷриба дар иштирок дар кумитаҳои қарзӣ афзалият дорад;• Забонҳо: тоҷикӣ ва русӣ (донистани ӯзбекӣ афзалият дорад);• Масъулиятшиносӣ, дақиқкорӣ ва омодагӣ ба омӯзиш.Бо ҳамаи номзадҳои интихобшуда мусоҳиба гузаронида мешавад. Агар шумо омодагӣ ба рушди касбӣ дошта бошед ва хоҳед малакаҳои таҳлилии худро тақвият диҳед, мо номзадии шуморо ҳатман баррасӣ хоҳем кард.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 15 августи соли 2026 суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот: (44) 600 23 23
1 моҳ пеш Душанбе
