Повар
Барои кор дар истироҳатгоҳи хушманзараи "Гулобод", ки дар ноҳияи Варзоб воқеъ аст, ошпази ботаҷриба ва тозакорро ба кор даъват мекунем. Мо нафареро меҷӯем, ки таомҳои лазиз омода карда, ба меҳмонони мо хизмати босифат расонад.
Уҳдадориҳо:
Тайёр кардани таомҳои миллии тоҷикӣ (оши палав,шашлик, кабобҳо,мохи шӯрбоҳо ва ғайра);
Омода кардани салатҳои гуногун ва газакҳо;
Риояи қатъии тозагӣ ва гигиена дар ошхона;
Назорат аз болои истифодаи дурусти маҳсулот.
Талабот ба номзад:
Таҷрибаи кории на камтар аз 3-5 сол дар ошхона ё истироҳатгоҳҳо;
Маҳорати баланди пухтупаз ва ороиши таомҳо;
Масъулиятшиносӣ, чолокӣ ва хушмуомилагӣ;
Доштани дафтарчаи тиббӣ (медналог).
Шароитҳои мо:
Маош: Шартномавӣ (вобаста ба маҳорат ва таҷриба);
Ҷойи хоб: Бо хобгоҳи ройгон ва шароити хуби зист дар ҳудуди истироҳатгоҳ таъмин карда мешавад;
Хӯрок: 3 маҳал хӯроки ройгон;
Ҳавои тоза ва муҳити кории ором дар табиат.
Тамос барои маълумот:
📞 [+992 901202227]
📍 Суроға: н. Варзоб, истироҳатгоҳи "Гулобод".
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust