Операционный директор

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: 03.03.2026 15:31 ID эълон: 15637106
  • Таҷриба: аз 5 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: МКФ "Фонд рефинансирования" г.Душанбе
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Банк, кредитные финансовые организации
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИ ХОЛӢ

Фонди қарзии хурди «Фонди бозтамвил» озмун оид ба ҷойи кори холии зеринро эълон мекунад:

Вазифа: Директори амалиётӣ

Ҷойи кор: ш. Душанбе

Муҳлати қабули дархостҳо: то 09 марти соли 2026

Тавсифи мухтасари вазифа:

Директори амалиётӣ барои идоракунии амалиётҳои асосии тиҷоратӣ масъул буда, аз ҷумла баҳодиҳии хавфҳо, таҳияи маҳсулот, ташаккул ва татбиқи сиёсати маркетингӣ ва сиёсати рушд, ҷорӣ намудани механизмҳои идоракунии самараноки назорати дохилӣ ва пешниҳоди қарзҳоро мутобиқи сиёсати қарзии Фонд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

Директори амалиётӣ дар фаъолияти худ вазифадор аст:

• идоракунии амалиётҳои асосии тиҷоратии Фонд, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳо, баҳодиҳии хавфҳо, таҳия ва рушди маҳсулот, ташаккул ва татбиқи сиёсати маркетингӣ ва сиёсати рушд, инчунин ҷорӣ намудани механизмҳои самараноки назорати дохилиро таъмин намояд;

• ҳамчун аъзои Раёсат масъулият, дар таъмини натиҷаҳои умумии фаъолияти Фонд ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои сармоягузорӣ, дошта бошад;

• ҳамчун аъзои Кумитаи қарзӣ масъулият дар қабули қарорҳо оид ба пешниҳоди қарзҳо мутобиқи сиёсати қарзии Фонд, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дошта бошад;

• дар таҳияи ва татбиқи нақшаҳои стратегӣ ва амалиётии Фонд иштирок намояд;

• дар таъмин намудани иҷрои нишондиҳандаҳои мақсадноки самаранокии Фонд саҳмгузор бошад;

• дар банақшагирии кор ва гузоштани вазифаҳо барои кормандони шуъбаи қарздиҳӣ, муайян кардани ҳаҷм ва муҳлати кор ва талабот ба натиҷаҳои кор масъул бошад;

• дар муайян намудани афзалияти корҳои пешбинишуда ва ҷорӣ дар асоси аҳамият ва таъхирнопазирии онҳо масъул бошад;

• бевосита барои идоракунии тамоми фаъолияти амалиётии Фонд масъул ва ҷавобгар будан;

• иҷрои дигар вазифаҳое, ки бо фаъолияти молиявии Фонд алоқамандӣ доранд.

Талаботҳо нисбат ба довталаб ба вазифаи Директори амалиётӣ:

• дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷ сол аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ (дохилӣ ё хориҷӣ) ва/ё соҳаи молия бошад, ки на камтар аз се соли он дар вазифаҳои роҳбарӣ ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ фаъолият намуда бошад;

• донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

• таҷриба дар таҳия ва татбиқи стратегияҳо ва равандҳои амалиётӣ;

• таҷрибаи банақшагирии тиҷоратӣ;

• малакаҳои хуби муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;

• қобилияти таҳлил ва такмили равандҳои тиҷоратӣ ва малакаи муоширати касбӣ;

• донистани барномаҳои компютерӣ ва офисӣ, аз ҷумла MS Word (B), Excel (B), ЦФТ-bank (B);

• сатҳи баланди масъулиятшиносӣ;

• донистани озоди забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ дода мешавад;

• шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Довталабон бояд варақаи дархости худро ба суроғаи зерин: ш. Душанбе кучаи Истаравшан 18 ва ё ба почтаи электронии office@rfund.tj ирсол намоянд.

Дар қисми мавзӯъ (subject) номи вазифае, ки барои он дархост пешниҳод мекунед, нишон дода шавад.

Телефон барои маълумот: (+992) 433 777 770

Муҳлати пешниҳоди дархостҳои номзадҳо то 09 марти соли 2026 мебошад.

Эълонҳои монанд

  • Менеҷер оид ба Комплаенс
    Вазифахои ассосиМенеҷер оид ба Комплаенс аз болои мутобиқ будани фаъолияти ҶДММ ТАҚХ ФИНКА (ФТАҚХ) ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин сиёсатҳои FINCA IMPact ва қоидаҳо/расмиётҳои дохилии ҶДММ ТАҚХ ФИНКА назорат мебарад.Менеҷер оид ба Комплаенс бевосита дар ин раванд иштирок намуда, ба идоракунии комплаенс – хавфҳои ФТАҚХ мусоидат мекунад. Инчунин иҷрои вазифаҳои марбут ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), инчунин ошкор ва пешгирӣ намудани коррупсия; назорат аз болои риояи талаботи одоби касбӣ дар ФТАҚХ; кам кардани хавфи хароҷот (зарар) дар натиҷаи вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.ӮҲДАДОРИҲОИ АСОСӢФаъолияти назоратӣГузаронидани санҷишҳо вобаста ба мутобиқати фаъолияти ФТАҚХ ба талаботҳои:Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд БМТ);Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;Муассисаҳои дигари давлатӣ, ки ба салоҳияти бевоситаи онҳо танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ (ҶДММ) ва Ташкилотҳои қарзии хурд дахл дорад;Қонунҳои ҶТ, аз ҷумла Қонуни ҶТ «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (МҚД/МТ/МПСҚО);Талаботи FINCA IMPact, ки дар сиёсати асосии Ташкилот инъикос ёфтааст – Subsidiary Policy Manual.Гузаронидани санҷишҳои ҳар моҳаи ҳисоботҳо, ки ба БМТ пешниҳод мешаванд:Гузаронидани санҷиши фаъолияти департаментҳо ва зерсохторҳои ФТАҚХ:Гузаронидани омӯзониш кормандони ташкилот оид ба МҚД/МТ/МПСҚО ва ёд додани таҷриба ва дониши андӯхтаи худ ба сифати устод, мураббӣ;Сафар ба минтақаҳои ҶТ. ДигарИҷрои дақиқ ва саривақтии дигар вазифаҳо / супоришҳои роҳбарият дар рафти ичрои вазифиахои ассосии оид ба комплаенс;ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ:Таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисодиёт, Хукукшиноси е молия афзалиятнок дониста мешавад;Таҷрибаи на камтар аз 2-сола дар соҳаи бонкдорӣ (бахши маблағгузории хурд, аудит, назорат);Дониши хуби талаботи танзимии берунӣ (Қонунҳои ҶТ, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзиро ба танзим меоранд – аз ҷумла ТАҚХ ва шахсони ҳуқуқӣ – аз ҷумла ҶДММ; Дастурамалҳои Бонки Милии Точикистон; Кодекси андози ҶТ; Кодекси Меҳнати ҶТ; дигар санадҳои меъёрӣ, ки фаъолияти ҶДММ ва ТАҚХ-ро ба танзим меоранд);Қобилияти хуби ташкилотчигӣ ва ҳамоҳангсозӣ;Малакаҳои хуб дар соҳаи молия, муҳосибот, саводнокии компютерӣ ва малакаи кор бо Microsoft Office ва қобилияти таҳлилӣ;Қобилияти холисона баҳо додани вазъият ва ифодаи дақиқи воқеият/фикру андеша дар ҳисоботҳо;Малакаҳои хуби таҳияи ҳисоботҳо, рӯнамоҳо (презентатсияҳо);Маҳорати зудомӯзӣ ва омӯзонидани дигар кормандон;Дониши ҳатмии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ афзалиятнок дониста мешавад;Надоштани доғи судӣ.Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 03 марти соли 2026 ба суроғаи ш. Душанбе, кӯч. Ҷ. Рассулов 9, идораи ТАҚХ “ФИНКА” ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (44) 6002323Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
    ФИНКА Таджикистан, 17.02.2026 09:00, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Муовини сармуҳосиб
    ҶДММ ТАҚҲ “Пайванд Гуруҳ” барои ишғоли вазифаи муовини сармуҳосиб довталабонро ба кор даъват менамояд.Уҳдадориҳои асосӣ: -Кӯмак ба сармуҳосиб дар ташкили баҳисобгирии муҳосибӣ ва таъмини дурустии он мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии БМТ. -Назорат ва ҳамоҳангсозии баҳисобгирии амалиётҳои молиявӣ, бонкӣ ва хоҷагидорӣ. -Таъмини дуруст инъикос гардидани амалиётҳо дар ҳисобҳои муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ. -Омода ва пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ, андозӣ ва оморӣ дар муҳлатҳои муқарраргардида. -Назорат аз болои истифодаи дурусти маблағҳо, захираҳо ва дороиҳои ташкилот. -Иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати муҳосибии ташкилот. -Таъмини риояи интизоми молиявӣ ва назорати дохилӣ. - Иваз намудани сармуҳосиб дар давраи рухсатӣ, беморӣ ё набудани муваққатии ӯ. - Ҳамкорӣ бо мақомоти андоз, аудиторон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи салоҳият. - Назорат ва роҳнамоии фаъолияти кормандони шуъбаи муҳосибӣ. - Иштирок дар таҳлили нишондиҳандаҳои молиявӣ ва пешниҳоди таклифҳо барои беҳтар намудани фаъолияти молиявӣ. -Иҷрои дигар вазифаҳо тибқи дастури роҳбарият ва санадҳои дохилии ташкилот.Талаботҳои асосӣ:• Маълумоти олии иқтисодӣ (молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, муҳосибот);• Таҷрибаи корӣ на кам аз 3-сола дар соҳаи бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ;• Қобилияти робитасозӣ ва муошират;• Саводнокии компютерӣ (Word, Excel, PowerPoint, Internet, Outlook,) ва барномаҳои бонкӣ.Шартҳо:• Хафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнати хуби шартномавӣ• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии ТоҷикистонХоҳишмандон метавонанд, Резюмеи худро ба почтаи электронии ташкилот hr@payvand.tj то санаи 17.02.с2026 ирсол намоянд.Довталабоне ба озмун даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои тахассусии дар боло муқарраршуда ҷавобгӯй ҳастанд.
    Шуъбаи кормандон, 23.02.2026 15:47, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси аудити дохила дар Саридора
    ҶДММ ТАҚҲ ЛОЛС“Молия” барои ишғоли вазифаи Мутахассиси аудити дохила довталабонро ба кор даъват менамояд. Уҳдадориҳо:• Гузаронидани аудит ва мониторинги вазъи назорати дохилӣ дар ташкилот, аз ҷумла:• Баҳодиҳии назорат аз болои ҳолати дороиҳо ва пешгирии талафот.• Омода намудани намунаҳо ва дархостҳои аудиторӣ, ҷамъоварии далелҳои аудиторӣ;• Тафтиши риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин талаботи сиёсати дохилӣ ва дастурамалҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;• Таҳия ва пешниҳоди пешниҳодҳо оид ба рафъи камбудиҳои ошкоршуда ва тавсияҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии раванди баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;• Таҳлили самаранокии системаи назорати дохилӣ ва коркарди иттилоот.Талабот:• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; Донистани забони англисӣ афзалият дорад;• Талаботи касбӣ дар муҳосибӣ (CIPA, CAP ва ғайра) қобили қабул аст;• Донистани асосҳои идоракунии хавфҳо афзалият дорад;• Малакаи аълои компютерӣ.Шартҳо:• Ҳафтаи кории панҷруза: Душанбе-Ҷумъа• Музди меҳнат шартномавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ (баландшавии музди меҳнат вобаста ба собиқаи кории ҳар сола, дастгирии иҷтимоӣ, пардохти моҳонаи алоқаи мобилӣ)• Бақайдгирии расмӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
    ЛОЛС МОЛИЯ, 15.02.2026 16:00, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси шуъбаи мониторинги молияви
    Талаботҳо:• Таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ;• Доштани таҷрибаи кории на камтар аз 1 сол дар соҳаи бонкӣ дар шуъбаҳои амалиётӣ, хавф ё аудит;• Донистани қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО;• Донистани стандартҳои байналмилалӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО: тавсияҳои ФАТФ ва дигар таҷрибаи пешқадам.• Доштани малака дар ошкор кардани амалиёти шубҳанок ва пешгирии хавфҳои қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм;• Донистани раванҳои тиҷорат/маҳсулот ва хизматрасониҳои бонкӣ;• Маҳорати ибрози андеша ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (афзалият дорад)• Малакаи кор дар компютер, донистани MS Office -(Word, Excel, Power Point) ҳатмӣ.Шаҳсони ҳавасманд ба почтаи hr@icb.tj муроҷиат карда метавонанд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 11.03.2026 16:01, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси бойгони дар ш.Кулоб
    “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ҷои кории холии вазифаи Мутахассиси бойгонӣ дар филиали ш.Кулоб эълон менамояд.Бойгонидор - барои назорати бойгони ва нигоҳубини ҳуҷҷатҳои бонк, қабули ҳуҷҷатҳо аз департаментҳо ва шуъбаҳо ва супоридан ҳуҷҷтаҳо аз бойгонӣ ба шахсони масъул, феҳрасткунӣ, байқадгирӣ ва нобудкунии ҳуҷҷатҳо мутобиқи қонунҳои ҶТ ва дастурамалҳои дохилӣ масъул мебошад.Талаботҳо:• Маълумоти олӣ;• Донистани тамоми талаботҳои қонунҳои соҳаи бойгонӣ, аз ҷумла донистани тартиби қабул ва ба бойгонӣ (архив) супурдани ҳуҷҷатҳо, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо;• Донистани низоми ягонаи давлатии коргузорӣ, аз ҷумла тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ аз руи онҳо;• На кам аз 1 сол таҷрибаи корӣ дар ташкилотҳои қарзӣ• Таҷрибаи кор бо Microsoft Office (Word, Excel, PowerPoint);• Донистани забони тоҷикӣ ва русӣ. Донистани забони англисӣ бартарӣ дорад.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд.Танҳо номзадҳои интихобшуда барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 04.03.2026 10:51, Хоруғ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Менеҷери шуъбаи мониторинг ва тафтишоти қаллобӣ
    ICB вазифаи Менеҷери шуъбаи мониторинг ва тафтишоти қаллобӣ дар дохили департаменти комплаенс эълон менамояд. Вазифаҳо/Уҳдадориҳои асосӣ:• Таҳлили амалиётҳои Бонк бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ ва баҳодиҳии хавфҳои қаллобӣ;• Баррасӣ ва такмили сенарияҳои Низоми зидди қаллобӣ бо мақсади фаро гирифтани ҳамаи амалиётҳои бонкӣ;• Ҳамкорӣ бо кормандони хизматрасонии мизоҷон барои ҳалли ҳолатҳои эҳтимолии қаллобӣ;• Гузаронидани тафтишот оид ба ҳолатҳои эҳтимолии қаллобӣ ва омода намудани ҳисоботи мувофиқ барои роҳбарият;• Муайян кардани рафтори ғайриоддии мизоҷон ва кормандон;• Назорати риояи қоидаҳо ва расмиёти зидди қаллобӣ дар Бонк;• Таҳияи қоидаҳои дахлдори дохилӣ (сиёсат, расмиёт, дастурҳо ва ғ.);• Пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо барои рушди Низоми зидди қаллобӣ;• Дигар фаъолиятҳои марбута ҷиҳати пешгирии амалҳои қаллобӣ дар Бонк.Малакаҳои асосӣ / Таҷриба:• Маълумоти олӣ дар соҳаи бонкӣ, технологияҳои иттилоотӣ ё дар ҳама гуна соҳаи марбут;• На камтар аз 3 сол таҷрибаи амалӣ дар татбиқи принсипҳо ва амалияи идоракунии зидди қаллобӣ;• Дониши хуби усулҳои пешгирии қаллобӣ, ошкор ва идоракунии қаллобӣ;• Донистани равандҳои хизматрасониҳои пардохтӣ;• Донистани каналҳои гуногуни пардохт (онлайн бонкинг, кортҳо, банкоматҳо, API-ҳо);• Малакаи таҳлили амалиётҳои бонкӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;• Таҷриба дар пешгирии қаллобӣ;Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тавассути почтаи hr@icb.tj ирсол намоянд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 23.02.2026 11:26, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    Фурӯхта шуд
    ФҚХ Фонди бозтамвил

    Дар сайт аз сен, 2021

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    logo
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust