Аудитор дар ш. Бохтар
МДО «Фуруз» — ташкилоти молиявии муосир мебошад, ки фаъолияти худро ба рушди хизматрасониҳои молиявии дастрас ва босифат равона намудааст.
Бо мақсади тақвияти низоми назорати дохилӣ, баланд бардоштани шаффофият ва беҳтар намудани самаранокии равандҳои корӣ, мо Аудитор меҷӯем, ки дар гузаронидани аудити дохилӣ, арзёбии хатарҳо ва пешниҳоди тавсияҳои амалӣ барои такмили фаъолияти ширкат саҳмгузор бошад.
Вазифаҳо:
-Иштирок дар аудити дохилӣ ва таҳлили равандҳо;
-Арзёбии назорати дохилӣ ва мутобиқат ба талаботи меъёрӣ;
-Омода намудани ҳисобот ва тавсияҳо оид ба камбудиҳо ва хатарҳо.
Талабот:
-Таҳсилоти олӣ (молия, иқтисод, муҳосибӣ ё аудит);
-Таҷрибаи корӣ дар бонкдорӣ – на камтар аз 3 сол;
-Дониши қоидаҳои меъёрӣ ва барномаҳои MS Office;
-Омодагӣ ба сафарҳои хизматӣ.
Бартарӣ:
-Дониши МСФО, аудит ва қонунгузории андоз;
-Таҷрибаи корӣ дар аудит;
-Сертификати CAP/CIPA;
-Дониши забони англисӣ (intermediate).
Шахсони ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба почтаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988-35-08-48; 988 22 02 91.
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифаи мазкур ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust