Мутахассиси кишоварзи
Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ҳунар ва шукуфоӣ» (ба забони англисӣ “Skills and Prosperity”) ташкилоти маҳаллии ғайритиҷоратӣ ва ғайрисиёсӣ буда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи майи соли 2020 ба қайд гирифта шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти ташкилот амали намудани лоиҳаҳо дар соҳаҳои рушди малакаҳои касбӣ, соҳибкорӣ, мусоидат ба шуғл, гуногунии агробиологӣ ва кишоварзӣ ҷиҳати мусоидат намудан дар ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии аҳолии Тоҷикистон мебошад.
Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ҳунар ва шукуфоӣ» барои лоиҳаи “Ҷалб намудани ҷавонони хоҷагиҳои фермерии хурд тавассути истифода намудани технологияи кишоварзӣ барои беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва занҷираҳои арзиши маҳсулот”, ки аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея (KOICA) маблағгузори гардида, дар шарикӣ бо ташкилоти Welthungerhilfe (маъмул бо номи Агроаксияи Олмон) амалӣ мегардад, Мутахассиси кишоварзӣ-ро меҷӯяд.
Нақши вазифа:
Мутахассиси кишоварзӣ барои таъмини таҷрибаи техникӣ дар тарҳрезӣ, омодасозии маводҳои омӯзишӣ, ташкили омӯзишҳо, таъмини сифат, мониторинги ҳамаи фаъолиятҳои кишоварзӣ ва чорабиниҳои алоқаманди лоиҳа масъул мебошад. Мутахассис ба деҳқонони ҷавон дар ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионии кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба бозор ва тарғиби амалияҳои устувор ва тобовар ба тағйирёбии иқлим кӯмак мерасонад.
Маълумоти бештарро оиди эълон аз суроғаи дар поён овардашуда пайдо намоед:
https://tenders.tj/procurement/1844.html
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust