Мутахассиси колл-центр / Специалист колл-центра

Душанбе
Санаи ҷойгиршавӣ: Имрӯз 17:07 ID эълон: 15158780
  • Таҷриба: Дилхоҳ
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: LOLC Молия
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: бонк
Ҷойгиршавӣ: Душанбе

Мо корманди муоширатӣ ва диққатҷӯро барои кор дар колл-центри ташкилоти байналмилалии молиявии LOLC Молия ҷустуҷӯ дорем.

Вазифаҳо:

• Қабул ва посух додан ба зангҳои воридӣ, машварат ба муштариён оид ба хизматрасониҳои ширкат

• Гузаронидани зангҳои содиротӣ ба базаи мавҷудаи муштариён

• Қабули дархостҳо, коркарди муроҷиатҳо ва ворид намудани маълумот ба система

• Муҳайё намудани сатҳи баланди хизматрасонии мизоҷон ва кӯмак дар ҳалли масъалаҳо

• Ҳамкорӣ бо воҳидҳои дигар барои ҳалли мушкилот

• Иштирок дар баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ

Талабот:

• Таҷрибаи корӣ дар колл-центр ё хизматрасонии муштариён — афзалият дорад

• Донистани забони тоҷикӣ ва русӣ

• Сухани равон ва малакаҳои хуби коммуникатсионӣ

• Доности кор бо компютер ва барномаҳои асосӣ

• Диққатҷӯӣ, масъулиятшиносӣ ва равона будан ба натиҷа

• Доности маҳсулоти бонкӣ ё молиявӣ — бартарӣ дорад

Мо пешниҳод мекунем:

• Рушди касбӣ дар ширкат

• Музди меҳнати рақобатпазир

• Коллективи дӯстона ва байналмилалӣ

• Иштирок дар лоиҳаҳои ҷолиби корпоративӣ

________________________________________

Ищем коммуникабельного и внимательного сотрудника для работы в колл-центре международной финансовой организации LOLC Молия.

Обязанности:

• Прием входящих звонков и консультирование клиентов по услугам компании

• Совершение исходящих звонков по нашей базе клиентов

• Оформление заявок, обработка обращений и внесение данных в систему

• Поддержание высокого уровня клиентского сервиса и помощь в решении вопросов

• Взаимодействие с другими подразделениями для решения проблем клиентов

• Участие в повышении качества обслуживания

Требования:

• Опыт работы в колл-центре или в клиентском сервисе — приветствуется

• Знание таджикского и русского языков

• Грамотная речь и навыки коммуникации

• Владение ПК на уровне уверенного пользователя

• Внимательность, ответственность и ориентация на результат

• Знание банковских или финансовых продуктов — преимущество

Мы предлагаем:

• Карьерный рост в компании

• Конкурентоспособную заработную плату

• Дружный и международный коллектив

• Участие в интересных корпоративных проектах

Эълонҳои монанд

  • ТОП
    Менеҷери фурӯши хизматрасониҳои бонкӣ дар ш.Бохтар
    Тими мо Менеҷери фурӯши хизматрасониҳои бонкиро меҷӯяд, ки босалоҳият маслиҳат диҳад, маҳсулоти Бонкро пешниҳод кунад ва фурӯшад. Агар рушд ва пешравӣ ҳадафҳои асосии шумо бошанд, ба мо ҳамроҳ шавед Кор дар IBT ин:• Музди меҳнати устувор, мукофотпулӣ барои натиҷаи хуб ва низоми шаффофи KPI• Шартҳои махсус барои хизматрасониҳои бонкӣ, тахфифҳо ба ғизо ва алоқаи корпоративӣ• Тренингҳо, машғулиятҳо ва курсҳои мунтазам барои рушди касбӣ• Фазои ҳамдигарфаҳмию ҳамкорӣ ва тамоми шароит барои нишон додани тавоноии худВазифаҳои асосии шумо:• Фаъолона пешниҳод ва машварат додани мизоҷони нав дар бораи маҳсулот ва хидматҳои IBT• Нигоҳ доштани муносибатҳои дарозмуддат бо мизоҷон, таҳлил ва рушди пойгоҳи муштариён• Дастгирии муштариён дар коркарди маҳсулоти асосӣ ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо• Ҳамдигарфаҳмии комил бо мизоҷон ва нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ба онҳоИн кор барои шумост, агар шумо:• Мутахассиси дорои маълумоти миёна, нопурра ё олӣ мебошед• Бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дониши грамматикӣ ва гуфтори фаъол доред• Мехоҳед гуруи фурӯш шавед ва малакаҳои самаранокро омӯзед• Мехоҳед дар соҳаи бонкдорӣ касб бунёд кунед• Муносиб, мақсаднок, ташаббускор ва ҳамеша омода ба кӯмак ҳастедДар сомонаи team.ibt.tj пурсишнома пур карда, узви тими IBT шаведТелефони Маркази тамос: 1155
    ЗАО Международный банк Таджикистана, Имрӯз 09:38, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мушовир / Консультант дар н. Ёвон
    Мехоҳӣ дар бонки муосир роҳи касбиатро оғоз кунӣ, дар коргоҳи замонавӣ кор кунӣ ва бо мардум муошират намоӣ? Пас ин вакансия — имконияти олӣ барои туст! 💕🌟 🌸 ТАЛАБОТ БА ТУ: 🎓 Таҳсилоти олӣ ё олии нопурра 🛍️ Таҷрибаи кор бо мизоҷон афзалият дорад 🗣️ Доности забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (англисӣ — афзалият дорад) 💻 Корбарии боварноки MS Office 🌟 ӮҲДАВОРИҲОИ ТУ: 👩‍💼 Машварати мизоҷон оид ба хизматрасониҳо, тарофаҳо ва ҳуҷҷатҳо 📍 Муайян кардани мақсади ташрифи мизоҷон ва равонасозӣ ба шуъбаи лозима 💬 Пешниҳод ва шарҳи маҳсулоти бонкӣ 📱 Пешбурди хизматрасониҳои онлайн («Эсхата онлайн» ва ғ.) 📞 Ҷавоб додан ба зангҳо ва машварат бо телефон 💖 БА ШУМО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ: 💸 Музди меҳнати рақобатпазир 🎁 Мукофотпулиҳои арзанда 📄 Кори расмӣ 🚀 Рушди касбӣ ва имконияти пешравӣ 📩 ТАРЗИ ПЕШНИҲОДИ АНКЕТА? 🗓️ То 29 декабри 2025, соати 16:00 📍 Ноҳияи Ёвон, шаҳраки Ёвон, кӯчаи Хушвақт 2а ✉️ Email: job@eskhata.tj 📞 Телефонҳо: 900 01 88 30, (3141) 24575 🔗 Анкетаи онлайн: дар сомонаи расмии Бонки Эсхата дастрас аст
    ОАО Банк Эсхата, 09.12.2025 17:11, Ёвон
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассис оид ба ворид ва назорати маълумотҳо дар н. Рудакӣ
    ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 27 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст.Вазифаҳои асоси:• То гузаронидани Кумитаи қарзи пурра ва бехато гузоштани ҳуҷҷатҳои қарзӣ ва инчунин дуруст ҷобаҷогузории маҷмуи ҳуҷҷатҳо дар ҷузвдони қарзӣ мувофиқи талаботҳои амалкунандаи ташкилот.• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда;• Дар ҳолатҳои зарури иштирок дар маҷлисҳои Кумитаи қарзи;• Таъмини иҷроиши ҳамаи шартҳо ва талаботҳо аз тарафи КҚ талабкардашуда то додани қарз;• Санҷиш дурустии ҳуҷҷатҳо то бастани шартномаи қарзӣ дар ҷузвдонҳои қарзӣ, пасандозӣ, кортҳои бонкӣ;• Омода намудани шартномаҳои лозима;• Гузаронидани амалиёт оид ба қисман пардохти маблағи асоси қарз ва амалиёт оид ба пардохти пурраи қарз;• Малакаи хуби кор бо компютер. Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра, миёнаи махсус;• Донистани забони тоҷикӣ (донистани забони англисӣ ва русӣ афзалият дорад);• Омода будан дар кори гурӯҳи.Шароити хуби кори:• Музди меҳнати рақобатпазир ва мукофотпулиҳо;• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ;• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Омузишҳо ва тренингҳо;• Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои ҳадди аққал ҷавобгӯянд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
    ЛОЛС МОЛИЯ, 01.12.2025 15:35, Рӯдакӣ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Хазинадор - амалиётчӣ дар ш.Бохтар
    Рушди касбӣ ва ҷои кори доимӣ меҷӯӣ? Пас ба командаи мо ҳамроҳ бишав.Мо дар ҷустуҷӯи Хазинадор-амалиётчӣ ҳастем. ТАЛАБОТ БА НОМЗАД:• Маълумоти миёнаи махсус ё олӣ;• Таҷрибаи корӣ дар касса — афзалият дорад;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ;• Диққатнокӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ;• Доштани маҳорати кор бо компютер;ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ:• Гузаронидани амалиётҳои кассавӣ;• Қабул ва пардохти пули нақд ба мизоҷон;• Муҳосиботи дурусти ҳуҷҷатҳои кассавӣ;• Назорат аз болои дурустии пардохтҳо;• Риояи қоидаҳои дохилӣ ва меъёрҳои амниятӣ;МО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:• Ҷои кори доимӣ дар ташкилоти боэътимод;• Омӯзиш ва имконияти рушди касбӣ;• Муҳити бароҳат ва коллективи дӯстона;Ҷои кор: ш.Бохтар, кӯчаи 1-уми Май📩 Резюме-и худро ба hr@arvand.tj фиристед ё ба рақамҳои +992 92 795 00 01 занг занед.
    Арванд, Дирӯз 13:39, Бохтар (Курғон-Теппа)
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси калони департаменти хазинадорӣ
    Тахассус ва малакаҳои зарурӣ:• Доштани дараҷаи магистр ё ҳадди ақал бакалавр дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ ё дигар ихтисосҳои марбут;• Ҳадди ақал 1 соли таҷрибаи корӣ дар соҳаи хазинадорӣ;• Доштани шаҳодатнома асосҳои ҳисобдории бухгалтерӣ;• Собиқаи муваффақи бастани шартномаҳо, таҳлили бозор, идоракунии пардохтпазири;• Донистани маҳсулоти бонкӣ;• Қобилияти дастгирии дигар кормандон тавассути ҳалли масъала, омӯзиш ва дастгирӣ;• Дониши барномаҳои MS Office ва маҳорати хуби кор бо компютер;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарӣ медиҳад.Вазифаҳо ва масъулиятҳои асосӣ:• Банақшагирӣ, харидорӣ аз сарчашмаҳои гуногун ва тақсимоти пули нақд• Омодасозии ҳисоботҳои дохилӣ;• Иштирок дар музоядаҳои коғазҳои қиматноки Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ);• Иштирок дар амалиёти амонатии шабонарӯзии БМТ (Овернайт);• Омодасозии пардохтҳо барои амалиётҳои анҷомёфта бо дигар бонкҳо;• Хориҷ кардани амалиётҳо аз низоми ЦФТ (дар ҳолати хатои кормандони хазинаи мубодилаи асъор);• Дархости пули нақд ва тангаҳои филизӣ аз Бонки Миллӣ тибқи дархости филиалҳо;• Ҷавоб додан ба мактубҳои Шуъбаи хавф оид ба аз меъёри тасдиқшудаи роҳбарият зиёд шудани маблағ дар филиалҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ (МХБ) ё суратҳисобҳои муросилотии бонк;• Ташкили додугирифти пули нақд байни филиалҳо;• Назорати мавҷудияти пули нақд дар ҳамаи филиалҳои бонк (барои ҳамаи асъорҳо);• Дархост барои интиқоли пулҳои фарсуда ба Бонки Миллӣ;• Дархост ба филиалҳо барои интиқоли пули нақд ба НБТ-Спот;• Пур кардани суратҳисобҳои муросилотӣ тибқи дархости Шуъбаи низоми пардохт (SWIFT);• Назорат ва бойгонӣ кардани ҳуҷҷатҳо (ҳуҷҷатҳои БМТ, ҳуҷҷатҳои дохилӣ, шартномаҳои байни бонкҳои муросилотӣ);• Ва иҷрои дигар супоришҳои роҳбарият вобаста ба фаъолияти Департаменти хазинадорӣ.Довталабони хавасманд метонанд резюмеи худро ба почтаи электрони hr@icb.tj ирсол намоянд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 09.12.2025 09:10, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси хизматрасонии мизочон дар н.Оббурдон
    Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси хизматрасонии мизоҷон дар н.Оббурдон эълон менамояд. Корманди ин вазифа масъули хизматрасонии Мизоҷон буда, дар масъалаҳои омода кардани расиди воридот ва хараҷоти маблағ, омода кардани чекҳо, интиқолӣ маблағ, додани маълумот оиди кушодан ва пешбурди суратҳисобҳо барои шахсони воқеъи ва ҳуқуқи, қабули супоришномаҳои пардохти, қабули дархост барои гирифтани қарз, тавзеъи қарз, қабули аризаҳои пешпардохт барои иваз намудани ҷадвали қарзӣ ва ҷавоб додан ба саволҳои Мизоҷон оиди ҳама намуди хизматрасонии шӯъбаи амалиёти ва қарзӣ мебошад. Талаботҳо:• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ;• Таҷриба дар соҳаи хизматрасонӣ ба мизоҷон ё идоракунии муносибатҳо дар бахши бонкӣ ё молиявӣ афзалият дорад;• Малакаи хуби муошират бо қобилияти эҷоди муносибат бо мизоҷон;• Қобилиятҳои махсуси муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;• Донистани MS Office, малакаи кор бо компютер;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарият дорад. Довталабони ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд.Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
    Инвестиционно-Кредитный банк, 09.12.2025 10:29, Мастчоҳ
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассиси хурди хизматрасонии мизоҷон дар МХБ Корвон
    Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон ҷои кори холии вазифаи Мутахассиси хурди хизматрасонии мизоҷон дар МХБ Корвон эълон менамояд.Корманди ин вазифа масъули хизматрасонии Мизоҷон буда, дар масъалаҳои омода кардани расиди воридот ва хараҷоти маблағ, омода кардани чекҳо, интиқолӣ маблағ, додани маълумот оиди кушодан ва пешбурди суратҳисобҳо барои шахсони воқеъи ва ҳуқуқи, қабули супоришномаҳои пардохти, қабули дархост барои гирифтани қарз, тавзеъи қарз, қабули аризаҳои пешпардохт барои иваз намудани ҷадвали қарзӣ ва ҷавоб додан ба саволҳои Мизоҷон оиди ҳама намуди хизматрасонии шӯъбаи амалиёти ва қарзӣ мебошад.Талаботҳо:• Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ;• Таҷриба дар соҳаи хизматрасонӣ ба мизоҷон ё идоракунии муносибатҳо дар бахши бонкӣ ё молиявӣ афзалият дорад;• Малакаи хуби муошират бо қобилияти эҷоди муносибат бо мизоҷон;• Қобилиятҳои махсуси муоширати шифоҳӣ ва хаттӣ;• Донистани MS Office, малакаи кор бо компютер;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, донистани забони англисӣ бартарият дорад.Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба суроғаи электронии hr@icb.tj ирсол намоянд.Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгу ба мусоҳиба
    Инвестиционно-Кредитный банк, Имрӯз 11:26, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг
  • Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷон дар ш. Душанбе
    ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 27 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС “Молия” дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.Вазифа: Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷонҶои фаъолият: ш. ДушанбеВазифаҳои асоси:• Пешниҳоди маҳсулотҳои ташкилот (қарз, пасандоз, корти бонкӣ);• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда;• Ворид намудани маълумотҳои мизоҷон дар барномаи бонкӣ;• Барасмиятдарории ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ;Талаботҳои тахассусӣ:• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра.• Донистани забони тоҷикӣ (донистани забони англисӣ ва русӣ афзалият дорад);• Омода будан дар кори гурӯҳи;Шароити хуби кори:• Музди меҳнати рақобатпазир ва мукофотпулиҳо;• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Омузишҳо ва тренингҳо.• Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои ҳадди аққал ҷавобгӯянд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
    ЛОЛС МОЛИЯ, 09.12.2025 09:14, Душанбе
    Ҷои кор » Бонкҳо, суғурта, лизинг


  • Шартномавӣ
    ЛОЛС МОЛИЯ ЛОЛС МОЛИЯ

    Дар сайт аз дек, 2024

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust