Ёвар оид ба пеш бурдани фаъолиятҳои тандурустӣ

Ваҳдат
Санаи ҷойгиршавӣ: Имрӯз 02:21 ID эълон: 15011948
  • Таҷриба: аз 3 сол
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ул. Г. Завкибекова 34/3
  • Реҷаи кор: Якҷоякунӣ
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Медицинский осмотр
Ҷойгиршавӣ: Ваҳдат

Ёвар оид ба пеш бурдани фаъолиятҳои тандурустӣ

Мӯҳлати пешкаши дархост: то 18 декабри 2025 сол.

Маълумоти касбӣ: Маълумоти миёнаи тиббӣ. На кам аз 3 сол таҷрибаи корӣ аз рӯи ихтисос.

Макони ҷойгиршавӣ: шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат

Навъи шартнома: Шартнома барои пешкаши хизматрасонии муваққатӣ.

Шартҳои кор: 10 январ – 10 марти соли 2026

Good Neighbors созмони ғайритиҷоратии байналмилалӣ оид ба рушди башардӯстона буда, соли 1991 дар Корея Ҷанубӣ таъсис ёфтааст. Good Neighbors дар 50 кишвари ҷаҳон фаъолият менамояд ва барои рушди ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва ҳавасмандгардонии эътимоднокии ҷомеа сару кор дорад. Созмони Good Neighbors (GNT) дар ҶТ аз соли 1998 фаъолият намуда, барои беҳтар кардани зиндагии мардум, махсусан кӯдакон тавассути омӯзиш, рушди ҷомеа ва ҳамчунин лоиҳаҳои кӯмаки башардустона фаъолият менамояд. Good Neighbors (GNT) дар ҶТ бо ҷонибҳои асосии манфиатдор, аз қабили Вазорати маориф, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, Кумитаи кор бо занон, мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои байналмиллалии рушд, СММ ва оҷонсиҳои донорӣ аз қабили Иттиҳоди Авруппо, GIZ, UNICEF, WFP, SCO ва ғайраҳо ба тариқи пайваст кардани ҷамоатҳои камбизоат ва осебпазир ба таҳсилоти босифат, тандурустӣ, таъмини об ва хизматрасониҳои беҳдоштӣ- санитарӣ фаъолият менамояд.

Good Neighbors барои он вуҷуд дорад, ки ҷаҳонро ба макони бегуруснагӣ табдил диҳад, дар он ҷое ки мардум бо ҳам мувофик зиндагӣ мекунанд. Good Neighbors ба ҳуқуқҳои инсонии осебпазиртарин новобаста аз синну сол, ҷинс, фарҳанг, мансубияти этникӣ, маъюбӣ ва эътиқод эҳтиром мегузорад ва ба онҳо кӯмак мекунад, ки дар шароити мустақилона зиндагӣ кунанд.

Дар мувофиқа бо ҳадафҳои мо, Good Neighbor боварӣ дорад, ки ҳама ҳуқуқҳои инсонии одамон бояд эҳтиром карда шаванд. Мо дарк мекунем ва вазифадорем, ки ҳуқуқҳои онҳоро ҳифз кунем ва ҳама гуна зиёнро пешгирӣ намоем. Аз ин рӯ, Good Neighbors нисбат ба ҳама гуна амале, ки боиси зарари ҷисмонӣ, ҷинсӣ, равонӣ, зӯроварӣ, истисмор ва зӯроварии эмотсионалӣ мегардад, махсусан барои кӯдакон (ҳар шахси зери синни 18-сола), занон ва калонсолони осебпазир таҳаммулнопазир аст.

Ҳифз ва муҳофизат аз истисмор ва сӯиистифодаи ҷинсӣ (PSEA) масъулияти муштараки ҳама ба ҳисоб меравад ва аз тамоми кормандон ва шарикони GN талаб карда мешавад, ки Кодекси рафтори GN-ро ҳам дар вақти корӣ ва ҳам берун аз он риоя намоянд. Шинос шудан бо ва риояи Сиёсати ҳифзи кӯдакон ва калонсолон ва Кодекси рафтори GN оид ба ҳифзи бехатарӣ, илова бар омӯзиши ҳатмӣ, як талаботи муҳим нисбати тамоми кормандон ва шарикони ташкилот ба ҳисоб меравад . Ҳама кормандон ва шарикон бояд боварӣ ҳосил намоянд, ки онҳо банди мазкурро пурра дарк намудаанд ва мувофики он амал мекунанд, лутфан ба https://www.goodneighbors.org/who/account нигаред.

Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти байналмилалии хайриявӣ буда, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаш Лоиҳои Рушди Ҷомеа (ЛРҶ) дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва беҳдошт, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушди ҷомеа, ҳифзи кӯдак ва дигар соҳаҳо пеш бурда мешавад.

Фаъолиятҳои ташкилот дар доираи Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тафоҳумномаи ҳамкорӣ бо, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, пеш бурда мешавад.

Дар доираи фаъолияти худ, ташкилот тасмим гирифтааст, ки ташхиси ҳамасолаи тиббии кӯдакони сарпарастро, бо мақсади муайян намудани вазъи саломатии онҳо гузаронад. Ташкилот мутахассиси баландихтисосро барои пеш бурдани фаъолиятҳои шуъбаи тандурустӣ ба кор қабул мекунад.

Вазифаҳои асосӣ:

• Ташкил ва гузаронидани ташхиси тиббии кӯдакони сарпарастшавандаи ташкилот, тибқи реҷаи муайяншуда;

• Таъмин намудани иштироки кӯдакони сарпарастшаванда барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ;

• Тартиб додани ҳисобот ва ба низом овардании ҳуҷҷатгузории муқарраршудаи фаъолиятҳои шуъбаи тандурустӣ. Омода намудани ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолиятҳои пешбурда;

• Таҳлили натиҷаҳои ташхиси тиббии кӯдакони сарпарастшаванда аз рӯи рӯйхатҳои кӯдакон баъди ташхис;

• Ворид намудани базаи маълумот дар компютер.

Талаботҳои асосии хизматӣ

1. Маълумоти миёнаи тиббӣ. Шаҳодатномаи хатми курсҳои ихтисосӣ ба монанди тибби оилавӣ;

2. Таҷрибаи корӣ на камтар аз панҷ сол аз рӯи ихтисосҳои дар боло зикршуда;

3. Дорои малакаҳои роҳбарикунанда;

4. Қобилияти хуби муошират бо шарикони барнома, баҳрабарандагон, волидайн, коркунони барнома;

5. Дониши хуби забонҳои тоҷикӣ , ӯзбекӣ. Донистани забони англисӣ ба назар гирифта мешавад;

6. Дониши хуби истифодаи компютер: MS Word, MS Excel, MS Power Point;

7. Саҳеҳӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ва риояи ҳатмии реҷаи кории муқарраршуда.

Нафарони хоҳишманд метавонанд хулосаи таҷрибаи кории худро ба дафтари кории дар шаҳри Душанбе будаи Филиали ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbors дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба суроғаи зерин: шаҳри Душанбе, кӯчаи Гурминҷ Завқибеков 34/3 пешниҳод намоянд.

Намунаи холии ин ҳуҷҷат дар дафтари корӣ ба хоҳишмандон пешниҳод хоҳад гашт.

Ҳуҷҷатҳо баъди санаи дар боло зикр шуда қабул карда намешаванд.

Пешкаши тавсияномаҳо ҷолиби диққат мебошад.

Пешниҳодҳо то санаи дар болои эълон муайяншуда ба суроғаи электронии зикршуда, равон карда шаванд: gnt.humanresources@gmail.com ва arina.nam@goodneighbors.com

Эълонҳои монанд

  • ТОП
    Медсестра
    Талабот: • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи тибб/стоматология афзалият дорад. • Масъулиятшинос, муомилаи хуб бо беморон. • Қобилияти кори дастаҷамъона. • Дуруст пешбурди ҳуҷҷатҳо • Диплом ё сертификати соҳаи тиббӣ Мо пешниҳод мекунем: • Муҳити кори бароҳат ва дӯстона • Имконияти рушд ва омӯзиш • Дастгирии касбӣ аз ҷониби табибони ботаҷрибаШароити кор: • Маош: 2500 сомонӣ • Ҷойи кор: FM Dental Clinic • Ҷадвали кор: мувофиқи шартномаБарои гирифтани маълумоти бештар ва ирсоли ҳуҷҷатҳо ба рақами зерин муроҷиат кунед:📞 [ 501101064 ]
    Фарход, 17.11.2025 10:56, Душанбе
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Намояндаи тибби
    Мо — як ширкати дорусозии босуръат рушдёбанда ва дорои ҳадафҳои бузург ҳастем! Ширкат доруҳои муосир ва самаранокро бо муваффақият ба бозори кишвар ворид менамояд. Дар иртибот ба васеъ гардидани фаъолияти ширкат, мо ҷустуҷӯи намояндаи тиббии фаъол ва ҳавасманд ҳастем, ки мехоҳад ҳамқадам бо мо рушд намояд!ВАЗИФАҲО:Пешбурди маҳсулоти ширкат дар минтақаи вобасташудаГузаронидани боздидҳо аз духтурон ва дорухонаҳоРушду нигоҳдории ҳамкориҳои касбӣ бо мутахассисони соҳаМониторинги бозор ва ҷамъоварии маълумоти марбутТайёр кардани ҳисоботи корӣТАЛАБОТ:Маълумоти тиббӣ ё дорусозӣ (бартарӣ медиҳад)Таҷрибаи кор дар вазифаи намояндаи тиббӣ (бартарӣ ҳисобида мешавад)Қобилиятҳои хуби муоширавӣ ва пешниҳоди маълумотМавқеи фаъоли зиндагӣ, масъулиятшиносӣ ва равонашавӣ ба натиҷаМО ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ:Маоши рақобатпазир: қисми собит + бонус аз рӯи натиҷаҳоҶубронбақи хароҷоти роҳ, телефон ва дигар воситаҳои зарурӣОмӯзиш, тренингҳо ва дастгирӣ дар тамоми марҳилаҳои фаъолиятИмконияти рушди касбӣ ва мансабӣ дар ширкате бо фарҳанги қавии корпоративӣЧӢ ТАВР ДАРХОСТ ФИРИСТОДАН:Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд тарҷумаи ҳол (CV)-и худро ба почтаи зерин ирсол намоянд:📧 asadovamarjona2000@gmail.comШОЯД МО МАҲЗ ШУМОРО ИНТИЗОРЕМ!Биёед якҷо бозори тандурустиро ба самти беҳтар тағйир диҳем!
    Asadova Marjona, Дирӯз 11:38, Кӯлоб
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Хамшираи тибби
    Мо дар ҷустуҷӯи ҳамшираҳои тиббии соҳибтаҷриба ва масъулиятнок ҳастем, ки хоҳиши кор кардан дар муҳити муосир ва байналмилалӣ доранд. Агар шумо хоҳед, ки қисми дастаи касбии мо бошед — ин имконият барои шумост!Талабот:Дипломи ҳамшираи тиббӣ (ҳатмӣ) Таҷрибаи кори на камтар аз 1 сол Барои операционные ҳамшираҳо — таҷрибаи амал дар утоқи ҷарроҳӣ, донистани қоидаҳои стерилизатсия ва ёрии амалиётӣ Донистани усулҳои муосири ҳамширагӣ ва истифодаи таҷҳизоти тиббӣ Муоширати хуб бо беморон, масъулиятнокӣ ва покизагиписандӣ Донистани забонҳои русӣ ё туркӣ афзалият дорадМо пешниҳод мекунем:Маоши рақобатпазир ва сари вақтШароити хуби корӣ ва таҷҳизоти муосирИмконияти такмили ихтисос ва омӯзиш аз мутахассисони туркМуҳити дӯстона ва эҳтиромомезКор дар клиникаи босифати байналмилалӣ📍 Ҷойгиршавӣ: к. Нисор Муҳаммад 61/2🕓 Оғози кор: фавранАгар шумо ба ин вазифа шавқманд бошед, резюмеи худро (CV) ба почтаи электронӣ фиристед ё тавассути Telegram/WhatsApp бо мо тамос гиред:
    TurkEye Clinic, 05.11.2025 17:17, Душанбе
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Менеджер по продажам
    Вакансия дар Кӯлоб!Belinda Laboratories — ширкати фармасевтӣ бо таҷрибаи беш аз 15 сол дар бозор. Мо ба дастаи худ занон ва мардонро бо завқи рушд ва муваффақият даъват менамоем!Талабот:• Маълумот (тиббӣ афзалият дорад, вале ҳатми нест)• Синну сол: аз 23 то 43 сола• Иртиботи хуб, фаъол ва масъулиятшиносВазифаҳо:• Пешбарии маҳсулот байни духтурон ва дорухонаҳо• Муошират ва кори мунтазам бо муштариён• Омода намудани ҳисоботҳо ва иҷрои нақшаШартҳо:• График: 5/2 ё 6/1• Маош — бо мувофиқа (договорная) + бонусҳо• Омӯзиш, дастгирӣ ва имкони рушд дар ширкат📩 Барои муроҷиат:• Резюме фиристед ба: belinda.tj.hr@gmail.com• Телефон: 555501233• Шакли анкета:https://docs.google.com/forms/d/e/1FAIpQLSdDUSQRx1meB2HdOiM5dlfaggj92WT5O_A7lSfXgi4HqV1a7Q/viewform
    Belinda Laboratories, 30.10.2025 10:00, Кӯлоб
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Фармацевт
    Дар дорухонаи Вастан, дар шахри Душанбе фармацевти бо тачриба, хирфави, муоширатдор лозим. Доштани диплом. Синну сол аз 22 то 35 сола. Талаботхо. 1)донистани забони руси хатми 2)фармацевти хирфави касби бошад, 3)тачрибаи на кам аз 3 сол дар сохаи дору 4)соати кори аз 18 то 8:00 5)масъулиятшинос бошад 6)нисбати кор чидди ва аз руи вичдон 7)муоширати хуб ва дар дарачаи оли бо муштариён дошта бошад. Ухадорихое, мо барои фармацевт мухаё мекунем; 1)атмосфераи кории диккатчалбкунанда 2)командаи пуркувват 3)асартименти хуб дар дорухона 4)барои ба максад ва хадаф тезтар расидани фармацевт хатман кумак мекунем 5)кадршиноси нисабти фармацевт ба он шарте ки ба талаботи дар боло буда мувофик бошад. 6)Маоши мехостагии фармацевт ва сари вакт гирифтан инчунин аз хохиш ва максаду хадафи фармацевт вобаста аст. Агар Видеомантаж Таргет реклама Умуман СММ чикиро фахмад бо плюси фармацевт хаст максад алохида бонус дорад. Маош аз 4000 сар мешавад боз аз пеш хамсухбат мешавем! Илтимос хушру хонед бехуда занг назанед ба мо мутахассис даркор шогирд ё инки навкор не!!! Телефонхо барои тамос: 906989595
    Ахмад, 01.11.2025 21:27, Душанбе
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Фармацевт шабона
    💊 Вакансия: Фармацевт (шабона, соати 23:00 то 08:00) Ҷойи кор: Дорухонаи Эвалар, маҳаллаи Старый аэропорт, ш. Душанбе Соатҳои корӣ: аз 23:00 то 08:00 --- 🧍‍♀️ Вазифаҳо: Хизматрасонии хушмуомила ба харидорон Маслиҳат додан оид ба истифодаи доруҳо Фурӯши доруҳои рецептӣ ва ғайрирецептӣ Назорати муҳлати истифодаи доруҳо Нигоҳ доштани тартиб ва тозагӣ дар дорухона --- 🎓 Талабот: Маълумоти фармасевтӣ (миёнаи махсус ё олӣ) Таҷрибаи кор дар дорухона — афзалият дорад Масъулиятнокӣ, бодиққатӣ ва табъи хуш Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ --- 💰 Музд ва шартҳо: Маоши хуб + бонус аз фурӯш Муҳити кории ором ва дастаи дӯстона Шароити хуби кор барои шабона --- 📞 Барои тамос: 📱 918 93 0609 📍 Дорухонаи Эвалар, Старый аэропорт, ш. Душанбе
    Асомуддин, 12.11.2025 19:28, Душанбе
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Ҳамшираи тиб
    📍Маркази табобатӣ ва физиотерапевтӣ "Армуғони тиб" 🏥 Беморхона муҷаҳаз гардонидааст бо таҷҳизотҳои тиббии иноватсионӣ 📝Талабот ба номзад: 💥Таҷрибаи кори накам аз 1 сол; 💥Маълумоти тиббӣ миёна (хатм кардаи колеҷ); 💥Малакаи кори дошта бошад; 💥Масъулиятшинос ва ҷидди будан дар кор; 💥Хоҳиши омӯзиш ва пешрави дар худ доштан; 🗒Пешниҳоди мо ба номзад; 💥Омӯзиш ва кумак дар рафти кор; 💥Музди маоши саривақтӣ; 💥Системаи бонуси; 💥Таъмини хӯроки нисфирӯзӣ; 💥Дар ҳар фасли сол ба сайру саёҳат рафтан; ⏱️Реҷаи корӣ; аз соати 7:30 то 16:00 🛏истироҳат: Якшанбе ☎️206666606 (шахсони ҷидди коркунанда муроҷиат кунед. Аз соати 8:00 то 18:00 занг занед)
    Matin, 28.10.2025 09:06, Душанбе
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Врач-терапевт
    Дар клиника врач-терапевт лозим Талабот: Маълумоти олии тиббӣ; Таҷрибаи корӣ на кам аз 1 сол Масъулиятнокӣ ва муоширати хуб бо беморон. Вазифаҳо: Қабул ва муоинаи беморон; Ташхис ва таъини табобат Шароити кор: Музди меҳнати арзанда; Шароити муосири корӣ; Коллективи дӯстона. ☎ Маълумоти бештар: [039336666]
    Саномед, 06.11.2025 22:13, Турсунзода
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Педиатр
    Клиникаи Сафаров Ҷ.М — маркази муосири тиббӣ буда, технологияи навтарин, мутахассисони соҳибтаҷриба ва ғамхорӣ ба ҳар як беморро дар бар мегирад. Мо дастаи худро васеъ мекунем ва педиатр-ро ба ҳамкорӣ даъват менамоем. 📞 Барои маълумоти бештар — бо мо тавассути рақамҳо тамос гиред.
    Клиникаи Сафаров Ч.М, 31.10.2025 13:24, Душанбе
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия
  • Ҳамшира барои басти шабона
    Ба клиникаи мо ҳамшираи тиббӣ барои вақти шабона лозим аст.Талабот:Маълумоти тиббӣТаҷрибаи корӣ дар соҳаи тиб афзалият дорадМасъулиятшинос, бодиққат ва боинтизомШартҳо:Вақти кор: шабонаМуҳити корӣ ором ва дӯстонаМаош мувофиқи таҷрибаБарои маълумоти бештар ё ирсоли маълумотнома бо рақами зерин тамос гиред:📞 92 811 03 95
    Насли Солим, 07.11.2025 18:19, Хуҷанд
    Ҷои кор » Тиб, фарматсия


  • Шартномавӣ
    Good Neighbors Tajikistan

    Дар сайт аз апр, 2024

    Дигар молҳои ин фурӯшанда
    Ба дигарон гуфтан
    ×

    You need to pass document verification to proceed
    Take a photo of document
    Scan your face by camera
    Pass document verification
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Your document verification is now being processed.
    This usually takes up to 60 minutes.
    After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
    Error 400
    Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
    Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
    Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
    Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
    Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
    This account is verified by E-mongolia
    Verify your account by E-Mongolia
    • verified
      This account has a verified association with E-mongolia
    • calendar
      Verified since
    • verified
      Your ad will be marked as verified
    • thumb
      Advertising will receive more attention and trust