Мутахассиси кор бо қарзҳои мушкилситон
Ба дастаи дӯстонаи мо Мутахассиси кор бо қарзҳои мушкилситон дар н. Ҳамадонӣ лозим аст!
Вазифаи кор:
• Ситонидани қарзҳои дермонда/мушкилситон;
• Иҷрои нақшаҳои ҳармоҳа доир ба қарзҳои дермонда/мушкилситон;
• Якҷоя бо мизоҷ роҳҳои ҳалли мушкилии ба миёномадаро барои ситонидани қарз ҷустуҷӯ намудан;
• Омода намудани пешниҳодот ба Кумитаи қарзҳои дермонда оид ба қарзҳои дермонда ва иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи мазкур;
• Дар ҳолати зарурӣ ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор барои ситонидани қарзҳои дермонда/мушкилситон.
Талабот:
• Маълумоти олӣ ё миёна (дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ афзалиятнок дониста мешавад);
• Доштани таҷрибаи корӣ дар баргардонидани қарзҳои мушкилситон, корманди қарзӣ ё таҷрибаи корӣ дар мақомотҳои қудратии давлатӣ;
• Малакаи хуби муомила, таҷрибаи идоракунии cӯҳбатҳо/ҳолатҳои душвор;
• Маҳорати хуби муошират ва кор дар даста;
• Дониши компютерӣ (Word/Excel);
• Қобилияти корбарӣ дар муҳити тағйирёбанда ва сафарҳои хизматӣ рафтан.
Довталабони ҳавасманд метавонанд резюмеи худро ба МХМХ ТАҚХ “ФУРӮЗ” дар ноҳияи Ҳамадонӣ, кӯчаи И.Сомонӣ ё ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 22 02 91.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд




Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust