Оператор call центра
ҶСК ТАҚХ “Бизнес Капитал” даъват мекунад ба дастаи худ шахсеро, ки мехоҳад малакаҳои муоширатро такмил диҳад, ба мизоҷон кӯмак расонад ва роҳи ҳалли масъалаҳоро ҷустуҷӯ кунад.
Агар шумо дар ҷустуҷӯи кор бо дурнамои рушд ҳастед — ин имконият барои Шумост!
🎯 Вазифаҳои асосии шумо:
Ҷавоб додан ба зангҳои воридотӣ ва паёмҳо дар мессенҷерҳо (WhatsApp, Telegram ва ғ.);
Пешниҳоди машварати босифат ба мизоҷон оид ба хизматрасониҳо ва маҳсулоти бонк;
Ҳалли масъалаҳои мизоҷон бо эҳтиром, оромӣ ва касбият;
Сабти дархостҳо, интиқоли онҳо ба шуъбаҳои дахлдор (ҳангоми зарурат);
Нигоҳ доштани сатҳи баланди хизматрасонӣ ва стандартҳои корпоративӣ.
🧩 Шумо ба мо мувофиқед, агар:
Бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ озодона сухан мегӯед;
Таҷрибаи корӣ доред дар call-марказ, маркази хизматрасонӣ ё бахши фурӯш (агар надошта бошед — омӯзиш медиҳем!);
Шахси муоширатпазир, боадаб ва сабур ҳастед;
Омода ҳастед дар шартҳои навбатдор (сменавой график) фаъолият кунед;
Хоҳиш доред, ки касби худро дар соҳаи бонкдорӣ оғоз намоед.
✅ Мо пешниҳод мекунем:
Ишғоли расмии кор ва пардохти музди кор сари вақт;
Ҷадвали навбатдор (гибкий);
Муҳити кории ҳамкорона ва дастгирӣ аз ҷониби роҳбарият;
Имконияти рушди шахсӣ ва касбӣ дар сохтори бонк;
Сармоягузорӣ ба касби Шумо — мо ба омӯзиш ва рушд аҳамияти ҷиддӣ медиҳем.
📨 Барои иштирок дар озмун, резюмеи худро бо мавзӯи "Оператор call-марказ" ба суроғаи зерин ирсол намоед:
📧 hr@bcbank.tj
Эълонҳои монанд








Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust