Муҳандис оид ба ҳуҷҷатгузории техникӣ-энергетикӣ
ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефония мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ, пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро ба вазифаи "Муҳандис оид ба ҳуҷҷатгузории техникӣ (энергетикӣ)" баррасӣ менамояд.
Вазифаҳои асосӣ:
Ҳаморӣ намудан бо ташкилотҳои таъминкунандаи қувваи барқ;
Иштирок дар баррасии маъсалаҳои ҳисобкунакҳои биллингӣ ва ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба онҳо;
Ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои истифодаи барқ, шартномаҳо бо ташкилотҳои таъминоти барқ;
Нигоҳ доштани бойгонии ҳуҷҷатҳои энергетикӣ (шартномаҳо, санадҳои қабул ва бекор кардан, санадҳои назорати энергетикӣ, шиносномаҳои таҷҳизот ва дигар ҳуҷҷатҳои марбута);
Баҳисобгирии истеъмоли нерӯи барқ таҳлили хароҷот ва таҳияи ҳисобот;
Назорати дурустии ҳисобнома- фактураҳо аз ташкилотҳои таъминкунандаи барқ дар асоси нишондодҳои ҳисобкунакҳо;
Талаботҳои асосӣ:
Маълумоти олии техникӣ;
Таҷрибаи корӣ на кам аз 3 сол дар соҳаи энергетикӣ (барқ);
Дониш, маҳорати касбӣ дар соҳаи энергетика;
Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ;
Донистани барномаҳои компютерии (Power point, Microsoft word ва Excel).
Бартарияти мо:
Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»);
Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.
Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 15 августи соли 2025 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Муҳандис оид ба ҳуҷҷатгузории техникӣ (энергетикӣ)” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.
Эълонҳои монанд





Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust