Муҳандиси калон - барқчӣ оид ба назорати истифодабарии барқ ва МСМ
ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефония мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ, пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро ба вазифаи "Муҳандиси калон - барқчӣ оид ба назорати истифодабарии барқ ва МСМ".
Вазифаҳои асосӣ:
Ташкил ва назорати сабти нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва НТҶ;
Пешниҳод намудани нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқӣ ва шабакаҳои фурӯши барқ;
Назорати дурусти ҳисобнома- фактураҳо аз ташкилотҳои таъминкунандаи барқ дар асоси нишондодҳои ҳисобкунакҳо;
Тақсимоти сӯзишвории дизелӣ (ГСМ) дар истгоҳҳои базавии шаҳри Душанбе ва НТҶ;
Назорат аз раванди таъмини сӯзишвории дизелӣ (ГСМ);
Пешгири намудани ҳолатҳои дуздӣ ва сари вақт ошкор намудани камбудиҳо оиди сӯзишвории дизелӣ;
Риоя ва иҷрои талаботҳои техникаи бехатарӣ (ТБ), техникаи эксплуататсионӣ, қоидаҳои бехатарии сӯхтор ва дигар талаботҳо.
Талаботҳои асосӣ:
Маълумоти олии техникӣ;
Таҷрибаи корӣ на кам аз 3 сол дар соҳаи энергетикӣ (барқ);
Дониш, маҳорати касбӣ дар соҳаи энергетика;
Донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ;
Донистани барномаҳои компютерии (Power point, Microsoft word ва Excel).
Бартарияти мо:
Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание»);
Реҷаи кории мусоид 09:00 – 18:00, 5/2;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.
Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 15 августи соли 2025 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Муҳандиси калон - барқчӣ оид ба назорати истифодабарии барқ ва МСМ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд
Эълонҳои монанд





Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust