Лутфан, e-mail-и худро тасдиқ намоед
Мы отправили вам письмо на . Нажмите на ссылку в этом письме для того, чтобы подтвердить ваш адрес email, иначе мы не сможем уведомить вас о новых ответах на ваши объявления и сообщениях в чате.
Тасдиқкунӣ ба почтаи электронӣ равон шуд
Шумо дар somon.tj маҳдуд шудаед
Нозири дохила
Ҷойгиршавӣ: Душанбе
Вазифа ва масъулиятҳо:
Назорат ва мониторинги ҳамаи шартномаҳо бо муштариён ва шарикон;
Санҷиши пуррагӣ ва дурустии ҳуҷҷатҳои муштариён;
Назорати раванди иҷрои талаботҳои дохилии ширкат;
Назорат ва арзёбии риояи тартибу расмиёти дохилӣ;
Таҳияи ҳисобот оид ба натиҷаҳои санҷишҳо ва пешниҳоди таклифҳо барои беҳбудӣ;
Кор бо гурӯҳҳои гуногуни дохилӣ барои таъмин намудани сатҳи баланди назорат ва мутобиқат.
Мо пешниҳод мекунем:
Маоши рақобатпазир;
Муҳити хуби корӣ;
Имконияти рушд ва такмили ихтисос;
Шартномаи меҳнатии расмӣ.
Лутфан резюме/тарҷумаи ҳолатонро ба почтаи электронии zarifovf@humo.tj ирсол намоед.
Эълонҳои монанд
Ёвари маъмурии филиал дар н.Шохмансур
Вазифаҳои асосӣ:Ташкили фаъолияти ҳаррӯзаи филиалНазорат ва ҳамоҳангсозии кори кормандонҚабули мизоҷон ва расонидани машварат оид ба хизматрасониҳои бонкӣНазорати риояи қоидаҳо ва стандартҳои дохилии бонкОмода намудани ҳисоботҳо ва ҳуҷҷатгузорӣТалабот ба довталаб:Маълумоти олӣ (иқтисодӣ ё молиявӣ бартарӣ дорад)Таҷрибаи корӣ дар соҳаи бонкӣ ё маъмурӣ на кам аз 1–3 солДонистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани англисӣ бартарӣ)Малакаҳои хуби муошират ва идоракунӣДонистани компютер (MS Office)Шароити кор:Маоши рақобатпазирМуҳити кории касбӣ ва имконияти рушдРеҷаи кори пурра📧 Резюме фиристед ба: hr@arvand.tj📞 Ё занг занед ба рақами: +992 92 795 00 01
Арванд,
Имрӯз 14:18,
Душанбе
Шартномавӣ
Мутахассиси дастгирии ҳамёни электрони
Талаботҳои асоси:• Фаҳмидани усулҳои пардохти ғайринақдӣ, аз қабили кортҳои кредитӣ, кортҳои дебетӣ, барномаҳои пардохти мобилӣ ва платформаҳои пардохти онлайн.• Мутобиқшавӣ ва чандирии омӯзиш, омодагӣ ба огоҳӣ аз тамоюлҳои соҳа, қоидаҳо ва пешрафтҳо дар технологияҳои пардохтҳои ғайринақдӣ.• Таваҷҷӯҳ ба тафсилот барои таъмини дақиқ ҳангоми коркарди муомилоти пардохтҳои ғайринақдӣ ва ҳалли дархостҳои муштариён.• Ҳамкорӣ ва кори дастаҷамъӣ бо дастаҳои функсионалӣ, аз ҷумла шӯъбаҳои ИТ, хидматрасонии муштариён.• Маълумот: миёнаи умумии техникӣ• Донистани забонҳо: русӣ, тоҷикӣ ҳатмист, забони англисӣ бартарият дорад.• Истифодабарии боэътимоди компютер, MC Office, CFT, FIMI.Вазифаҳо ва масъулиятҳои асосӣ:• Мониторинг ва таҳлили пардохтҳо оид ба мувофиқати вазъи байни бонк ва шарикони хидматрасонии бонк.• Коркарди дархостҳои кормандони маркази тамос ва кормандони оперативӣ оид ба талабот ва хоҳишҳои мизоҷони бонк.• Кор бо шӯъбаҳои марбут, аз ҷумла шӯъбаи амалиётӣ ва департаменти технологияи иттилоотӣ барои ҳалли масъалаҳои техникӣ ва таҳияи қарорҳои муфид.• Пешниҳоди маълумоти техникӣ ва тавсияҳо ба кормандон ва мизоҷон барои баланд бардоштани самаранокӣ ва дақиқии амалиётҳои пардохтӣ.• Қабул ва коркарди дархостҳо барои муайянкунии фосилавии муштариёни ҳамёни электронӣ.• Ҳамкории мустақим бо шарикони маҳаллӣ ва байналмилалии бонк оид ба пардохтҳои ғайринақдӣ барои ҳалли пардохтҳои баҳсбарангези мизоҷони бонк.• Пешниҳоди ҳисоботҳо оид ба дархостҳо барои таҳлил ва такмили равандҳои пардохтҳои ғайринақдӣ ва хидматҳои дастгирӣ.• Омода намудани шартҳои техникӣ барои шӯъбаи технологияҳои иттилоотӣ барои мавҷудияти муассисаҳои нави хизматрасонӣ.• Муқаррар намудани маҳдудиятҳо ва комиссияҳо дар платформаҳои ҳалли пардохтҳои бонкӣ. • Ташкил ва гузаронидани омӯзишҳо барои кормандони филиалҳо ва Маркази тамос барои баланд бардоштани дониши онҳо дар мавриди пардохтҳои ғайринақдӣ.• Таъмини маслиҳатҳои амалӣ ва дастурҳои муфид ба кормандон дар мавриди масъалаҳои марбут ба пардохтҳои ғайринақдӣ.Довталабони хавасманд хатман резюмеи худро ба почтаи электрони hr@icb.tj на дертар аз 19 Январи соли 2026 ирсол намоянд.
Инвестиционно-Кредитный банк,
06.01.2026 17:15,
Душанбе
Шартномавӣ
Муттахассиси қарзи дар ш.Душанбе
Мутахассиси қарзӣТалабот: • Таҷрибаи кор дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 3 сол; • Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ ё марбут ба соҳа); • Дониши хуб дар бораи маҳсулотҳои қарзӣ ва тартиби таҳлили қарзҳо; • Малакаи муоширати хуб ва кор бо муштариён; • Қобилияти кор бо ҳуҷҷатҳо ва таҳлили хавфҳои молиявӣ; • Донистани барномаҳои кории офисӣ (MS Office).Вазифаҳо: • Кор бо муштариён дар масъалаҳои қарзӣ; • Таҳлили даромад, хароҷот ва қобилияти пардохтпазирии муштариён; • Омода кардани ҳуҷҷатҳо барои пешниҳоди қарз;• Пешниҳоди қарзҳо; • Мониторинги қарзҳои додашуда; • Таъмини иҷрои нақшаҳои қарздиҳӣ;• Баргардонидани қарзҳо.Мо пешниҳод мекунем: • Музди меҳнати рақобатпазир; • Шароити хуби корӣ ва рушди касбӣ; • Имконияти кор дар дастаи касбӣ ва динамикӣ; • Омӯзишҳо барои баланд бардоштани ихтисос.Резюмеро дар почта фиристед: @emin.sarmoya@gmail.com
ООО МДО Эмин Сармоя,
15.01.2026 10:26,
Душанбе
Шартномавӣ
Муттахассиси қарзи дар ш. Ваҳдат
Мутахассиси қарзӣТалабот: • Таҷрибаи кор дар соҳаи қарздиҳӣ на кам аз 3 сол; • Маълумоти олӣ (иқтисодӣ, молиявӣ ё марбут ба соҳа); • Дониши хуб дар бораи маҳсулотҳои қарзӣ ва тартиби таҳлили қарзҳо; • Малакаи муоширати хуб ва кор бо муштариён; • Қобилияти кор бо ҳуҷҷатҳо ва таҳлили хавфҳои молиявӣ; • Донистани барномаҳои кории офисӣ (MS Office).Вазифаҳо: • Кор бо муштариён дар масъалаҳои қарзӣ; • Таҳлили даромад, хароҷот ва қобилияти пардохтпазирии муштариён; • Омода кардани ҳуҷҷатҳо барои пешниҳоди қарз;• Пешниҳоди қарзҳо; • Мониторинги қарзҳои додашуда; • Таъмини иҷрои нақшаҳои қарздиҳӣ;• Баргардонидани қарзҳо.Мо пешниҳод мекунем: • Музди меҳнати рақобатпазир; • Шароити хуби корӣ ва рушди касбӣ; • Имконияти кор дар дастаи касбӣ ва динамикӣ; • Омӯзишҳо барои баланд бардоштани ихтисос.Резюмеро дар почта фиристед: @emin.sarmoya@gmail.com
ООО МДО Эмин Сармоя,
15.01.2026 10:32,
Ваҳдат
Шартномавӣ
Нозири мувофиқа
ЭЪЛОН ДАР БОРАИ ҶОИ КОРИ ХОЛИФонд ҷойҳои холии зеринро эълон мекунад: Нозири мувофиқа (Комплаенс)Дар бораи кор:Ба ӯҳдадориҳои Нозири мувофиқаи Шӯъбаи идоракунии хавфҳои Фонд дохил шуда, амали намудани назорати дохилии мутобиқати фаъолияти Фонд ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин қоидаҳо ва расмиёти дохилии Фонд. Ҷузъи дигари муҳими Нозири мувофиқа мониторинги молиявӣ мебошад.Ӯҳдадории вазифавӣ: Нозири мувофиқа дар фаъолияти худ вазифадор аст: санадҳои меъёрии ҳуқуқии БМТ, сиёсати идоракунии хавфҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии Фондро, ки фаъолияти Фондро танзим мекунанд, риоя намояд; талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дохилии Фондро риоя намояд; муайян ва таҳлили хавфҳои комплаенс; талаботи МҚД/МТ/МПСҚО, аз ҷумла таҳлил ва тафтиши амалиёти шубҳанокро риоя намояд; ташкили таълим барои кормандони Фонд оид ба масъалаҳои МҚД/МТ/МПСҚО; оид ба муомилоти шубҳанок ва амалиёти назорати ҳатмӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот таҳия ва ирсол намуда, баҳисобгирии онҳоро пеш мебарад; махфӣ будани маълумотро таъмин намуда, ба кормандон оид ба масъалаҳои ошкор накардан маслиҳат диҳад; бо мақомоти ваколатдор, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти салоҳиятдор ҳамкорӣ намояд; назорат кардани тағйирот дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО ва пешниҳодҳо оид ба такмили системаи назорати дохилӣ; натиҷаҳои санҷиш ва таҳлилро ба Раёсати Фонд ва дар мавриди зарурӣ ба Шўрои парасторон пешниҳод намояд.Талаботҳо нисбат ба Нозири мувофиқа (комплаенс): доштани маълумоти олӣ дар соҳаи тиҷорат/молия/иқтисод/аудит; таҷриба дар ташкилотҳои қарзӣ қобили қабул аст; донистани қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон; фаҳмиши принсипҳои Нозири мувофиқа ва идоракунии хавфҳои комплаенс; донистани талаботҳо дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО; доштани малакаҳои муоширати байнишахсӣ, шифоҳӣ ва хаттӣ; истифодабарии барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint); ба стресс тобовар, қобилияти самаранок кор кардан аз рӯи якчанд вазифаҳо дар як вақт ва анҷом додани кор дар мӯҳлатҳои муқарраршуда; забони тоҷикӣ озодона, донистани забони русӣ бартари дода мешавад; шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.Номзад бояд варақаҳои дархости худро ба суроғаи ш. Душанбе кучаи Истаравшан 18 ё ба почтаи электронии office@rfund.tj фиристад: Телефонҳо барои маълумот: (+992) 433777770Муҳлати пешниҳоди дархостҳои номзадҳо то 26 январи соли 2026 мебошад.
ФҚХ Фонди бозтамвил,
13.01.2026 11:14,
Душанбе
Шартномавӣ
Мутахассис оид ба хизматрасонии мизоҷони чакана дар МХБ Файз
ҶСП Бонки Арванд шуморо ба кор даъват мекунад!Мехоҳед кории доимӣ, рушди касб ва дастгирӣ дар рушди шахсӣ ёбед? Пас, ба мо ҳамроҳ шавед!🛠️ Чӣ корҳоро бояд анҷом диҳед:• ✔️ Машварат додан ба муштариён ва фурӯши маҳсулоти бонкӣ• ✔️ Ҷалби муштариёни нав ва баланд бардоштани шинохти бонк• ✔️ Таҳлили ниёзҳои қарзгирандагон ва кӯмак дар интихоби маҳсулот• ✔️ Бақайдгирии созишномаҳо ва назорати саривақтии пардохти қарзҳо• ✔️ Мониторинги муштариён ва кор бо қарзҳои мушкил🎁 Мо чӣ пешниҳод мекунем:• ✨ Маоши асосӣ + мукофотпулӣ – даромади шумо аз натиҷаҳои шумо вобаста аст• ✨ Пардохти хароҷоти мобилӣ – тамоми ниёзҳои корӣ аз тарафи бонк таъмин мешаванд• ✨ Омӯзиш бо роҳбарони касбӣ – мо шуморо дар ҳар қадам дастгирӣ мекунем• ✨ Имконияти рушди касбӣ ва мансабӣБа мо ҳамроҳ шавед ва қисми дастае шавед, ки идеяҳо ва кӯшишҳои шуморо қадр мекунад!Суроғаи ҷойи кор: ш.Душанбе, н.Сино, кучаи Б.Ғафуров 2 (блок Б) 📧 Резюме худро метавонед ба почтаи мо hr@arvand.tj ва ё тариқи WhatsApp +992 92 795 00 01 равон намоед.📞 Барои маълумоти иловагӣ: +992 92 795 00 01
Арванд,
Имрӯз 14:19,
Душанбе
Шартномавӣ
Шартномавӣ
×
You need to pass document verification to proceed
Take a photo of document
Scan your face by camera
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Your document verification is now being processed.
This usually takes up to 60 minutes.
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
This account is verified by E-mongolia
Verify your account by E-Mongolia
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust