Моушн дизайнер
Тавсифи вазифа:
Мутахассис масъули таҳия ва аниматсияи унсурҳои визуалии интерактивӣ, аз ҷумла
инфографика, сарлавҳаҳо, гузаришҳо ва дигар ҷузъиёти графикӣ мебошад. Кори мазкур
дар ҳамкории зич бо гурӯҳи методистҳо, омӯзгорон ва муҳаррирони видео анҷом дода
мешавад ва ҳадаф аз он таҳияи муҳтавои муассиру ҷолиби таълимии видеоӣ мебошад
Вазифаҳо ва масъулиятҳо:
• Эҷоди графикаҳои ҳаракатнок ва аниматсия барои дарсҳои видеоии таълимӣ;
• Тарроҳии унсурҳои визуалӣ мутобиқ ба муҳтавои таълимӣ ва нақшаи презентатсия;
• Таъмини мутобиқат ва ягонагии услуби визуалӣ дар тамоми маҳсулоти видеоӣ;
• Визуализатсияи муҳтавои таълимӣ ба таври ҷолиб ва фаҳмо;
• Иштирок дар таҳрири визуалӣ ва беҳсозии унсурҳои графикӣ;
• Мутобиқгардонии мазмуни презентатсиҳо барои намоиш дар дастгоҳҳои гуногун
(мобилӣ, планшет, компютер);
• Риояи ҷадвали таҳияи дарсҳои видеоӣ ва супоридани саривақтии он.
Талабот ба довталаб:
• Таҷрибаи корӣ дар соҳаи тарроҳии графика ва/ё аниматсияи рақамӣ;
• Маҳорати кор бо барномаҳои Adobe After Effects, Premiere Pro, Illustrator ва дигар
барномаҳои марбут ба графикаи ҳаракатдиҳӣ ва рақамӣ;
• Маҳорати баланди тарроҳӣ ва визуалӣ;
• Қобилияти кор дар муҳити дастаҷамъӣ ва зери фишори мӯҳлат;
• Диққат ба ҷузъиёти техникӣ ва фаҳмиши муҳтавои таълимӣ;
• Ба донистани забони тоҷикӣ ва/ё русӣ бартарият дода мешавад;
• Таҷрибаи кории қаблӣ ҳатмист.
Эълонҳои монанд




Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust