Ҳамшираи шафқат
КВД “Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе” ҳамшираи шафқат меҷӯяд!
Вазифа: Ҳамшираи шафқат
Ҷойи кор: шаҳри Душанбе
Тавсифи вазифа:
Мо дар ҷустуҷӯи як ҳамшираи шафқати масъулиятшинос ва соҳибихтисос ҳастем, ки барои таъмини кӯмаки аввалияи тиббӣ ба кормандон, назорати саломатии умумии кормандон ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар ҷараёни фаъолияти истеҳсолӣ масъул бошад.
Вазифаҳои асосӣ:
Назорати ҳаррӯзаи саломатии кормандон дар ҳолатҳои зарурӣ;
Иҷрои чорабиниҳои пешгирии бемориҳо ва санҷишҳои тиббӣ;
Таъмини ёрии аввалияи тиббӣ
Назорати истифода ва нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ.
Талабот:
Маълумоти миёнаи махсус ё олии тиббӣ;
Шаҳодатномаи амалкунандаи ҳамшираи шафқат;
Таҷрибаи корӣ аз 1 сол дар соҳаи тиб (афзалият дорад);
Маҳорати муоширати хуб, масъулиятшиносӣ ва эҳсоси баланди инсондӯстӣ.
Мо пешниҳод менамоем:
Муҳити кори устувор ва дӯстона;
Маоши мувофиқ ва имтиёзҳо;
Имконияти рушди касбӣ ва такмили ихтисос.
Чӣ гуна муроҷиат кардан мумкин аст:
Лутфан, резюме ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тахассусии худро ба почтаи электронии мо ирсол намоед: +992555552983
Эълонҳои монанд


Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust