Мураббии Саломатии модар ва кӯдак
Ташкилот:
Assistance International (Ёрии Байналмилали) (SAI)
Тавсифи кор:
Мураббии (тренери) Саломатии модар ва кӯдак занҳои маҳаллиро дар ноҳияҳои минтақаи
Бохтари вилояти Хатлон дар мавзӯъҳои солимии занону модарон ва кӯдакон бо назардошти
риояи стандартҳои миллӣ ва байналмилаллӣ меомӯзонад.
Малакаҳои кор дар гурӯҳҳо, услубҳои гуногуни эҷодӣ, мустақилона кор кардан, одоби муошират
ва суханронӣ талаб карда мешавад. Довталаб бояд кӯшиш кунад мустақилона дар доираи
стандартҳои миллӣ ва байналмилаллӣ савияи дониши худро бардорад, ҳамзамон ин шахс бояд
сазовори боварӣ бо маълумот ва молия, ва қобилияти хуби корӣ бо кормандони SAI ва бо ҷомеа
дошта бошад.
Ҳамкории дуҷониба бо занон (ва мардон) дар оилаҳои деҳот, сарварони ҷомеа ва мақомоти
давлатӣ лозим аст ва қобилиятӣ идора кардани масъалаҳои асосӣ, бо пардохт ва доираи васеи
вазифаҳои лоиҳави зарур аст. Доштани малакаи баланди касби, омодагии кор бо занон ва
мардон бо руҳияи баланд ҳатмӣ мебошад. Тавонмандӣ бо қабули баҳогузорӣ ва баланд
бардоштани малака дар назар аст. Истифодаи мунтазами компютерҳо дар фаъолияти кори
ҳатмӣ мебошад.
Шарҳи лоиҳа ‘Саломатии Модар ва Кӯдак’:
Лоиҳа умед бар он дорад, ки дидани занони
солим дар вилояти Хатлон, ки онҳо қобилияти нигоҳубини хуби оилаи худ ва фарзандони худ
барои оғози ҳаёти солим бошанд, то ки онҳо метавонанд аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва инкишофи
эмотсионалӣ, қодир ба истифодаи имконияти пурраи онҳо дар мактаб ва солим ба воя
расанд. Барои занон бошанд таълими одатҳои солим дар давраи ҳомиладорӣ, эътироф
намудани аломатҳои хатарнок ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд кардан ва баъд аз таваллуд,
ва нигоҳубини тифли нав ва кӯдакон.
Намуди Вазифа:
Шуғли нопурра: 4 рӯз дар як ҳафта (душанбе - панҷшанбе)
Нозири кормандон:
Ҳамоҳангсози лоиҳаҳои тиббӣ
Малакаҳои зарурӣ:
▪ Омӯзиши тиббӣ (ҳадди ақал дар сатҳи коллеҷ)
▪ Забони Тоҷикӣ
▪ Забони Русӣ
▪ Шавқи ҳамкорӣ бо барномаи саломатии модар ва кӯдак
Малакаҳои бартардошта:
▪ Малакаҳои компютерӣ Office (Word, Excel, почтаи электронӣ)
▪ Забони Ӯзбекӣ
▪ Забони Англисӣ
▪ Таҷрибаи таълими саломатӣ дар ҷомеа
▪ Эҷодкорӣ дар усулҳои таълим
Масъулиятҳо иборатанд аз:
▪ Дастгирии фаъолияти лоиҳаи саломатии модар ва кӯдак ба даст овардани натиҷаҳои
лоиҳа
▪ Таъсиси тамосҳои корӣ бо ҷамоатҳои маҳаллӣ ва дармонгоҳҳои маҳаллӣ барои ташкили
тренингҳо
▪ Муносибат ба ҳукумати маҳаллӣ (махсусан вазорати тандурустӣ) барои ҳуқуқи дастрасии
лоиҳа ва ғайра
▪ Гузаронидани тренингҳо дар бораи саломатии модар ва кӯдак аз тарафи координатори
лоиҳаи саломатии модар ва кӯдак
▪ Ҳамкорӣ бо координатори лоиҳа барои рушди барномаи саломатии модар ва кӯдак - ва
дигар омӯзишҳои марбут ба тандурустӣ, дар асоси талаботи ҷамоатҳои деҳот,
тадқиқотҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам.
▪ Баҳисобгирӣ асосӣ дар рӯи коғаз ва истифодаи компютер
▪ Мониторинги лоиҳаҳои амалкунанда дар якҷоягӣ бо координатори лоиҳа
▪ Мусоидат дар ҷамъоварии маълумотҳои лоиҳа ва тайёр намудани ҳисоботҳо
▪ Иштироки фаъолона дар дастаи идораи SAI
▪ Талаби дигар масъулиятҳо чун аз ҷониби координатори лоиҳа
▪ Иштирок дар тадқиқот дар бораи одатҳо ва маҳфумҳо оиди таваллуд дар Тоҷикистон;
таъмини ақида, таҷриба ва мусоҳибаҳо бо занон.
Арзёбӣ:
▪ Давомот ва мавҷудияти дар вақти кори мувофиқа
▪ Иҷрои вазифаҳо дар сари вақт ва мустақилона
▪ Сифати корӣ
▪ Баланд бардоштани малакаи худ, ва омодагии ба омузиш
▪ Кори даста ва рӯҳияи ҳамкорӣ
Музди меҳнат:
аз руи малака ва таҷрибаи гузашта асос меёбад.
Ҷои кор:
Шаҳри Бохтар, Вилояти Хатлон
Умуман ҷои кор дар идораи лоиҳаи Хатлон дар шаҳри Бохтар аст, ҳарчанд баъзе сафарҳо ба
ноҳияҳои вилояти Хатлонро талаб мекунад ва ба Ш. Душанбе.
Барои дарёфти анкета ба офиси SAI муроҷиад кунед.
Логинов 46, ш. Бохтар.
(Назди БДА-и Ш. Бохтар).
Телефон: 935984009, 985450588
Почтаи электронӣ: bokhtaroffice@assistance-international.org
Муҳлати қабули анкета то 11 Июни соли 2025 соати 17:00.
Эълонҳои монанд


Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust