Сардори шуъбаи кор бо кормандон
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 27 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС “Молия” дар зиёда аз 12 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.Вазифа: Сардори шӯъбаи кор бо кормандонҶойи фаъолият: Cаридора, ш. ДушанбеУҳдадориҳои асосӣ:• Роҳбарии пурсамари кормандони шӯъбаи кор бо кормандон ва дар мавриди зарури кормандони ташкилот (дар масъалаҳои кадри);• Назорат кардани ҷараёни ба кор қабулкунӣ, баҳодиҳии солона, ба кори дигар гузаронидан ва ё аз кор озод кардани кормандон мувофиқи тартиботи дохилии ташкилот ва қонунҳои ҶТ;• Дар ҳолатҳои зарурӣ омода кардани ҳисобот ва гирифтани ӯҳдадорӣ;• Ба кор қабул кардани кормандон, гузаронидани мусоҳибаҳо бо кормандоне, ки ҳуҷҷатҳояшонро пешниҳод намудаанд, дар чаҳорчӯбаи муайянкардани воҳидҳои кории кормандон;• Назорати пешбурди пурраи раванди коргузории кадрӣ тибқи талаботи қонунгузории меҳнати ҶТ (барасмиятдарории қабул ба кор, гузариш ба дигар вазифа, озод аз кор, рухсатиҳо);• Иштирок дар таҳияи низоми интихоб, ҳавасмандгардонӣ ва рушди кормандон;• Ҷӯстуҷу, интихоб ва арзёбии кормандон;• Таъмини раванди мутобиқшавии кормандон ба ҳаёти корпоративии ташкилот;• Иштирок дар ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ ва корпоративӣ;• Назорати пешбурди ҳисоботҳои дахлдор;• Дар ҳолатҳои зарури гузаронидани тренингҳо. Талаботи тахассусӣ:• Маълумоти олии ба вазифаи мазкур мутобиқ;• Таҷрибаи корӣ дар самти идоракуни на кам аз 3 сол (таҷриба дар соҳаи бонкӣ афзалият дорад);• Донистани қонунгузории меҳнати ҶТ;• Доштани малакаҳои компютерӣ (Ms Office);• Донистани метод ва воситаи интихоби кормандон; • Сатҳи баланди иҷрои вазифаҳои гузошташуда, ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносӣ;• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, забони англисӣ афзалият дорад;• Тобовар будан ба ҳолатҳои стрессӣ.Шароити хуби кори:• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;• Пардохти алоқаи мобилӣ;• Омузишҳо ва тренингҳо;• Имконияти болоравии мансабӣ.Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tjМуҳлати охирин барои қабули CV то 15 июли соли 2025.Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
ЛОЛС МОЛИЯ,
29.06.2025 22:06,
Душанбе
Ҷои кор »
Бонкҳо, суғурта, лизинг