Менеҷери шуъбаи мониторинг ва тафтишоти қаллобӣ
ICB вазифаи Менеҷери шуъбаи мониторинг ва тафтишоти қаллобӣ дар дохили департаменти комплаенс эълон менамояд.
Вазифаҳо/Уҳдадориҳои асосӣ:
• Таҳлили амалиётҳои Бонк бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ ва баҳодиҳии хавфҳои қаллобӣ;
• Баррасӣ ва такмили сенарияҳои Низоми зидди қаллобӣ бо мақсади фаро гирифтани ҳамаи амалиётҳои бонкӣ;
• Ҳамкорӣ бо кормандони хизматрасонии мизоҷон барои ҳалли ҳолатҳои эҳтимолии қаллобӣ;
• Гузаронидани тафтишот оид ба ҳолатҳои эҳтимолии қаллобӣ ва омода намудани ҳисоботи мувофиқ барои роҳбарият;
• Муайян кардани рафтори ғайриоддии мизоҷон ва кормандон;
• Назорати риояи қоидаҳо ва расмиёти зидди қаллобӣ дар Бонк;
• Таҳияи қоидаҳои дахлдори дохилӣ (сиёсат, расмиёт, дастурҳо ва ғ.);
• Пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо барои рушди Низоми зидди қаллобӣ;
• Дигар фаъолиятҳои марбута ҷиҳати пешгирии амалҳои қаллобӣ дар Бонк.
Малакаҳои асосӣ / Таҷриба:
• Маълумоти олӣ дар соҳаи бонкӣ, технологияҳои иттилоотӣ ё дар ҳама гуна соҳаи марбут;
• На камтар аз 3 сол таҷрибаи амалӣ дар татбиқи принсипҳо ва амалияи идоракунии зидди қаллобӣ;
• Дониши хуби усулҳои пешгирии қаллобӣ, ошкор ва идоракунии қаллобӣ;
• Донистани равандҳои хизматрасониҳои пардохтӣ;
• Донистани каналҳои гуногуни пардохт (онлайн бонкинг, кортҳо, банкоматҳо, API-ҳо);
• Малакаи таҳлили амалиётҳои бонкӣ;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;
• Таҷриба дар пешгирии қаллобӣ;
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро тавассути почтаи hr@icb.tj на дертар аз 20 сентябри соли 2025 ирсол намоянд.
Эълонҳои монанд










Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust