Коришиноси қарзӣ
Дар бораи мо:
ҶСК «Ориёнбонк» яке аз муассисаҳои пешқадами молиявӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои барҷаста ва эҷоди арзиши воқеӣ барои мизоҷон ва ҷомеаи худ талош меварзад. Дастаи мо — гурӯҳи мутахассисони ботаҷриба аст, ки онҳоро арзишҳои муштарак, хоҳиши рушд ва саҳмгузорӣ дар ояндаи низоми бонкӣ муттаҳид месозанд. Агар шумо ҷӯёи пешрафти касбӣ бошед, кори даставиро қадр кунед ва хоҳишманд бошед, ки қисми як ташкилоти боэътимоду нерӯманд шавед — мо шуморо ба тими худ хайрамақдам мегӯем!
1. Номи вазифа: Коршиноси қарзӣ
2. Идора / Шӯъба: Шӯъбаи қарзҳои хурду миёна
3. Ҷойгиршавӣ: ш. Душанбе, Сарбонк (хиёбони Рӯдакӣ 95/1)
4. Навъи шуғл:
Шуғли пурра
5. Ухдадорихои асосӣ:
–Қабули дархостҳои муштариён ва баррасии он
–Таҳлили ҳаматарафаи тиҷорати муштариён
–Омода намудани ҳисоботҳои молиявӣ
–Пешниҳод ба кумитаи қарзӣ ва ҳимояи уҳдадорӣ ва ҷувздони қарзӣ
–Мониторинги қарзҳои додашуда
–Риояи интизоми меҳнат ва иҷрои супоришҳо
–Риоя намудани талаботҳои дохилии Бонк, дастурамалҳои БМТ ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
6. Талабот ба номзад:
- Маълумот: олӣ
- Таҷрибаи корӣ: 3 сол
- Синну сол: аз 20 то 45
- Малакаҳои касбӣ: Маълумоти иқтисодӣ, малака дар соҳаи бонкӣ аз он ҷумла дар самти таҳлил ва пешниҳоди қарзҳои хурду миёна
- Забондонӣ: тоҷикӣ, русӣ (донистани забони англисӣ бартарӣ дорад)
- Дигар талаботҳо: надоштани доғи судӣ, пешниҳод намудани хислатнома аз ҷои кори пештара (аз ҷониби Бонк оид ба хислат ва обрӯи корманд таҳлил гузаронида мешавад)
7. Пешниҳод мекунем:
▪️ Ҷадвали кории панҷрӯза аз соати 08:00 то 17:00;
▪️ Маоши рақобатпазир;
▪️ Имкониятҳои таълим ва рушд;
▪️ Коллективи дӯстона ва дастгиркунанда;
▪️ Имкониятҳои хуб барои рушд, чорабиниҳои даставӣ ва дастгирии
иҷтимоӣ аз ҷониби корхона;
▪️ Муҳити кори устувор ва замонавӣ;
▪️ Шароитҳои мусоиди корӣ ва дастгирии роҳбарият;
▪️ Эътирофи муваффақият ва имкони пешравӣ дар дохили ширкат.
Эълонҳои монанд













Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust