Корманди қабулгоҳ
ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” ҷои кори холии вазифаи Корманди қабулгоҳ барои филиали бонк дар ш. Душанбе эълон менамояд.
Корманди ин вазифа масъул барои қайди номаҳои содиротӣ ва воридотӣ, ҷавоб додан ба зангҳо, қабул ва қайди шикоятҳои мизоҷон дар китоби арзу шикоятҳо, назорат бурдани рӯихати рақамҳои телефонҳои кормандони филиал дар ҳолати илова ё дигар шудани рақами телефон ва ғайра мебошад. Ҳамчун корманди қабулгоҳ дар филиали Бонк, ин корманд аввалин нуқтаи тамос бо Мизоҷони Бонк буда, дар фароҳам кардани муҳити мусбӣ ва пазироӣ барои Мизоҷон дар филиал масъул аст ва ба нигоҳ доштани сатҳи баланди қаноатмандии Мизоҷон мусоидат менамояд.
Талаботҳо:
• Дипломи донишгоҳ дар риштаи иқтисод, молия ё бонкдорӣ.
• Донистани талаботҳои хизматрасонии бонкӣ,
• Малакаҳои аълои алоқаи корӣ (хаттӣ ва шифоҳӣ) ва малакаҳои муносибатҳои байнишахсӣ.
• Суханронии саводнок ва дақиқ.
• Дар сатҳи аъло донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ афзалият дорад.
• Малакаҳои хуби компютерӣ.
Хоҳишмандон метавонанд маълумоти шахсии худро (резюме) ба почтаи электронии hr@icb.tjто 29 апрели соли 2025 ирсол намоянд. Номгӯи вазифаро дар мавзӯи почтаи электронӣ ҳатман ишора намоед.
Танҳо номзадҳои ба талаботҳо ҷавобгу ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд












Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust