Хазиначи дар ш. Душанбе
Дар бораи мо
ҶСП ТАҚХ “Бизнес Капитал” — ташкилоти босуръат рушдкунанда мебошад, ки дар маркази Тоҷикистон ҷойгир аст.
Кор дар Бизнес Капитал
Бизнес Капитал мутахассисони ташаббускор, ҳадафманд ва ба кори худ содиқро ба ҳамкорӣ даъват менамояд. Агар шумо ба донишҳои нав омода бошед, ба амалӣ намудани ғояҳои ҷасурона майл дошта бошед ва хоҳед, ки якҷоя бо дастаи мутахассисон рушд кунед, пас ба мо ҳамроҳ шавед!
Вазифа: Хазиначӣ
Муҳлати эътибор: то 20 арели соли 2025
Ҷои кор: шаҳри Душанбе
Шуъба: Идораи хазинадорӣ
Вазифаҳои асосӣ:
Хизматрасонии мизоҷон дар хазина: қабули маблағҳо, пардохти нақд, кушодани амонатҳо, мубодилаи асъор
Таъмини амнияти маблағҳои нақдӣ, варақаҳои қиматнок ва дигар арзишҳои моддии бонк
Пешбурди дақиқи ҳисоботи кассавӣ ва риояи қатъии тартиботи хазинавӣ
Нигоҳдории сатҳи баланди хизматрасонии мизоҷ ва фазои дӯстона
Талабот:
Ин кор барои шумо мувофиқ аст, агар шумо:
Маълумоти миёнаи махсус ё олӣ дошта бошед
Таҷрибаи кор дар бонк ё соҳаи хизматрасонии мизоҷон дошта бошед (ё хоҳиши омӯхтани он дошта бошед)
Дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистонро медонед ё омода ҳастед зуд омӯзед
Хоҳишманди рушди касбӣ дар соҳаи бонкдорӣ бошед
Шахси некмуомила, муоширатпазир, худидоракунанда, бодиққат ва тобовар ба стресс бошед
Ҳамеша омодаи кӯмак ба мизоҷон ва кор дар гурӯҳ бошед
Чӣ тавр дархост пешниҳод кардан мумкин аст:
Агар шумо ба талаботи дар боло зикршуда мувофиқ бошед ва омода бошед, ки ин даъватро қабул кунед, резюмеи худро бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ ба суроғаи электронӣ ирсол намоед: hr@bcbank.tj
Дар мавзӯи нома вазифаеро, ки барои он дархост пешниҳод мекунед ва маоши интизоратонро нишон диҳед.
Телефони тамос: +992 446301111 (рақам иловагии 4 баъд аз интихоби забон)
Вебсайт: www.bcbank.tj
Эълонҳои монанд













Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust