Директори молияви
ҶДММ «ТАКОМ» - оператори ватании алоқаи мобилӣ, ки таҳти бренди ZET – Mobile фаъолият намуда, барои мизоҷони худ хизматрасонии алоқаи муосир, аз ҷумла телефонияи мобилӣ, собит ва интернет, ҳамчунин қарорҳои инноватсиониро барои бизнес ва ҳаёти ҳаррузаи мизоҷони худ пешниҳод менамояд, номзадҳои арзандаро барои ишғоли вазифаи роҳбарикунанда баррасӣ менамояд!
ДИРЕКТОРИ МОЛИЯВӢ
Вазифаҳои асосӣ:
Таъмин намудани ташаккул ва банақшагирии стратегии сиёсати молиявии Ҷамъият;
Баланд бардоштани самаранокии молиявии фаъолияти Ҷамъият;
Назорат намудани вазъи молиявии Ҷамъият, идора намудани ҷараёнҳои молиявӣ, банақшагирии буҷет, таъмин намудани амнияти иқтисодӣ ва банақшагирии молиявии Ҷамъият;
Таъмин намудани назорати хароҷот, даромад ва истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ;
Назорат намудани банақшагирии андоз: ҳисобкунӣ, таҳлил, оптимизатсия ва дигар;
Таъмин таҳлил, арзёбӣ ва идоракунии хавфҳои молиявии Ҷамъият;
Гузаронидани банақшагирӣ, таҳлили молиявӣ ва иқтисодии муомилоти Ҷамъият;
Таҳияи, пешниҳод ва таъмин намудани назорат ва ҳисоботи молиявӣ;
Назорати баҳисобгирии муҳосибӣ ва андоз;
Идоракунӣ ва таъмин намудани нишондиҳандаҳои мусбии EBITDA, CAPEX ва Cash flow;
Ҳамоҳанг сохтани кор бо шурои директорон ва самаранок идора намудани кормандони ҳайати молиявӣ.
Талаботҳои асосӣ:
Маълумоти олӣ – молиявӣ/иқтисодӣ;
Таҷрибаи кории на камтар аз 3 - сол дар соҳаи телекомуникатсия ва на камтар аз 5 - сол дар вазифаҳои роҳбарикунанда;
Донистани санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Донистани равандҳои муосири молиявӣ, ҷанбаҳо ва воситаҳои идоракунии молиявӣ;
Донистани асосҳои андоз, аудит ва баҳисобгирии муҳосибӣ;
Маҳорат дар таҳия ва пешниҳод кардани презентатсияҳо ва ҳисоботҳо, самаранок бурдани гуфтушунидҳо;
Истифодабарандаи хуби компютери шахсӣ ва системаҳои/барномаҳои муосири иттилоотӣ - молиявӣ;
Донистани забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ (малакаҳои хуби шифоҳӣ ва хаттӣ);
Қобилияти қарор қабул намудан, таҳлили амиқ кардан, муоширати созанда намудан, самаранокии баланди шахсӣ, қобилияти омӯзиш.
Бартарияти мо:
Барасмиятдарорӣ мутобиқи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини тамоми кафолату имтиёзҳои ҳатмии иҷтимоӣ;
Офиси замонавӣ дар маркази ш.Душанбе (МТ «Созидание», куч. Айни 48);
Реҷаи кории мусоид: 09:00 – 18:00, 5/2;
Музди меҳнати рақобатпазир;
Таъмини алоқаи мобилии корпоративӣ ва шароити имтиёзнок барои оила ва дӯстон;
Дигар ҷубронҳо ва имтиёзҳо тибқи тартибот ва низомномаҳои дохилӣ.
Номзадҳои манфиатдор метавонанд дархост / маълумотномаи (CV) худро ба почтаи электронии корпоративии job@zet-mobile.com то 30 апрели соли 2025 ирсол намоянд. Телефон барои тамос: +992 91 905 0189 (танҳо дар вақти корӣ).
Ҳангоми ирсол намудани дархост хоҳиш карда мешавад, ки номгӯи вазифаи холии “Директори молиявӣ” дар мавзӯи мактуби электронӣ нишон дода шавад.
Ба мусоҳиба танҳо номзадҳое даъват карда мешаванд, ки ба талаботҳои вазифа ва Ҷамъият ҷавобгӯ мебошанд.
Эълонҳои монанд





Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust