Директори филиал дар н.Муъминобод

Мӯъминобод
Санаи ҷойгиршавӣ: Дирӯз 11:50 ID эълон: 13495473
  • Таҷриба: Дилхоҳ
  • Ном ё суроғаи ширкат/корхона: ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС
  • Реҷаи кор: Рузона
  • Самти фаъолияти ширкат/корхона: Банк

ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.

Вазифаи: Директори филиал

Ҷои фаъолият: н.Муъминобод

Вазифаҳои асосӣ:

• Идора намудани филиал ва омӯзиши кормандони филиал;

• Фаъолияти самаранок ва дурусти тамоми низомҳо дар филиал;

• Санҷиши муқоисавии ҳамарӯзаи пули нақди мавҷуда бо маълумоти ҳисоботӣ;

• Муайян намудани зарурати тренинг барои кормандон ва дар бораи ин ба Саридора хабар додан;

• Пешбурди фаъолияти тиҷоратии филиал (қарзҳо, пасандоз, интиқоли пули ва кортҳои бонкӣ);

• Назорати фаъолияти тиҷоратии Ташкилот, махсусан назорат аз болои сандуқи қарзҳо, ёрӣ расондан ба кормандони идораи қарзҳо ва назорати кофии қарзҳо, ки таҳти тафтиш қарор доранд;

Талаботҳои тахассусӣ:

• Маълумоти олии самти иқтисодӣ.

• Таҷрибаи кори дар самти идоракуни на кам аз 3 сол;

• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони англисӣ афзалият дорад);

• Донистани асосҳои идоракунии хавфҳо;

• Донистани барномаҳои компютерӣ ва коркуни бо почтаи электронӣ.

Шароити хуби кори:

• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;

• Пардохти алоқаи мобилӣ;

• Омузишҳо ва тренингҳо;

• Имконияти болоравии мансабӣ.

Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.

Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180, н.Муъминобод ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj

Муҳлати охирин барои қабули CV то 01 апрели соли 2025.

Рақами телефон: (992) 98 595 00 11

Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.

Шартномавӣ
ЛОЛС МОЛИЯ ЛОЛС МОЛИЯ

Дар сайт аз дек, 2024

Дигар молҳои ин фурӯшанда
Ба дигарон гуфтан
×

You need to pass document verification to proceed
Take a photo of document
Scan your face by camera
Pass document verification
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Your document verification is now being processed.
This usually takes up to 60 minutes.
After passing documents verification you will be able to create ads and contact sellers.
Error 400
Ҷустуҷӯҳоро ба хотир гиред!
Ба тугмачаи "Обуна шудан ба натиҷаи ҷустуҷӯ" зер кунед
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
Эълонҳоро ба рӯйхати эълонҳои интихобшуда илова кунед
Нажмите кнопку в форме звезды и это объявление сохранится в разделе "Избранное", где вы сможете просмотреть все избранные объявления
This account is verified by E-mongolia
Verify your account by E-Mongolia
  • verified
    This account has a verified association with E-mongolia
  • calendar
    Verified since
  • verified
    Your ad will be marked as verified
  • thumb
    Advertising will receive more attention and trust