Тарчумон-котиби Раёсат
ҶДММ Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» аз моҳи марти соли 2006 қарзҳои хурду миёна дар ш. Душанбе, ш. Ҳисор ва дар вилояти Хатлон дода истодааст. ФУРӮЗ аз руи қарзҳои додашуда дар чойи шашум дар байни ташкилотҳои маблағгузорӣ мебошад ва дар баъзе ноҳияҳо то 15%-и ҳиссаи бозор аз худ кардааст. Миссияи ФУРӮЗ додани қарз барои рушди тиҷоратҳои хурду миёна ва ташкил кардани ҷойи корӣ мебошад. Дар Ташкилоти Қарзии Хурд «ФУРӮЗ» зиёда аз 180 корманд дар Саридораи ш. Бохтар ва дар 8 филиалу марказҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Муассисони Ташкилот аз Аврупо, Амрико ва Сингапур мебошанд.
Вазифаҳои асосӣ:
• Тарҷумаи хаттӣ намудани ҳуҷҷатҳо, ба мисли сиёсатҳо, мактубҳо, шартномаҳо ва ғайраҳо;
• Тарҷумаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ, дар муҳлатҳои муқарраршуда анҷом дода, дар баробари он, ки тарҷумаҳо ба мазмуни лексикӣ, услубӣ ва мантиқии нусхаҳои асл мувофиқат кунанд;
• Тарҷумаи шифоҳии вохуриву маҷлисҳо;
• Кӯмак расонидан дар омодасозии ҳуҷҷатҳо ва маводҳои гуногун барои Раёсати ташкилот;
• Пешбурди протоколи ҷаласаҳои Раёсат ва Кумитаҳои дахлдор;
• Иҷрои супоришҳои иловагии маъмурӣ бо дастури аъзоёни Раёсат.
Талабот:
• Таҷрибаи кории дахлдор;
• Дониши озодонаи забонҳои англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ;
• Донистани усулҳои тарҷумаи илмӣ ва техникӣ, асосхои таҳрири илмию адабӣ;
• Донистани грамматика ва стилистикаи забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ;
• Дониши барномаҳои компютерӣ аз ҷумлаи Microsoft Word, PowerPoint, Excel;
• Малакаҳои аълои муошират, маъмурӣ ва ҳамоҳангсозӣ.
•
Довталабони ҳавасманд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро (CV/Resume) ба суроғаи электронии hr@furuz.tj (дар мавзӯи мактуб номи вазифае, ки месупоред қайд намоед) ва ё ба Саридораи ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фуруз” дар шаҳри Бохтар, кӯчаи Айни 27 пешниҳод намоянд.
Телефон барои маълумот: 988 35 08 48, 7272
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои вазифа ҷавобгӯ мебошанд, ба суҳбат даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд











Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust