Мутахассис оид ба қарзҳои мушкилситон
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС Молия ташкилоти амонати қарзии хурд буда дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Муассиси ТАҚХ ЛОЛС Молия “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС Молия дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифаи: Мутахассис оид ба қарзҳои мушкилситон
Ҷои фаъолият: н.Рудаки
Вазифаҳои асосӣ:
• Руёнидани қарзҳои батаъхирафтода;
• Гузаронидани таҳлили сандуқи қарзии батаъхирафтода ва ибрози фикру ақидаҳои худ роҷеъ ба беҳбуди;
• Иҷрои нақшаҳои ҳармоҳа оиди баргардонии қарзҳои батаъхирафтода;
• Кумак расонидан барои гузаронидани таҷдид ва тамдиди қарзҳои мушкилситон;
• Иҷрои дигар супоришҳо аз тарафи роҳбарияти филиал додашаванда.
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ, олии нопурра, бакалавр.
• Таҷрибаи кори дар самти кор бо қарзҳои мушкилситон афзалият дорад;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ (донистани забони русӣ афзалият дорад);
• Донистани барномаҳои компютерӣ ва коркуни бо почтаи электронӣ.
Шароити хуби кори:
• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Имконияти болоравии мансабӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: н.Рудаки, кучаи И.Сомонӣ 51 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj
Муҳлати охирин барои қабули CV то 10 марти соли 2025.
Рақами телефон: (992) 935075006., 44 610 00 55
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд





Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед
-
This account has a verified association with E-mongolia
-
Verified since
-
Your ad will be marked as verified
-
Advertising will receive more attention and trust