Ҳуқуқшинос/Юрист ш.Бохтар
ҶДММ ТҚХ “ОКСУС” яке аз ташкилотҳои маблағгузории хурди OXUS Group буда, ба аҳолии Тоҷикистон барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ, рушди кишоварзӣ ва ниёзҳои истеъмолкунандагон қарзҳои хурд ва миёна пешниҳод менамояд. ҶДММ ТҚХ “ОКСУС”, ки дар зиёда аз 35 ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (Суғд, Хатлон, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) бомуваффақият фаъолият бурда истодааст, довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамояд.
Вазифаи ишғолкунанда: Ҳуқуқшинос
Ҷои фаъолият: шаҳри Бохтар
Вазифаҳои асоси:
• Пешниҳоди машварати ҳуқуқӣ оиди парвандаҳои ҷории корӣ ба ҳамаи сохторҳои филиал;
• Назорати тағйироту иловаҳо ба қонунгузорӣ, меъёрҳои мақбули НБТ, хусусан ба фаъолияти ташкилоти маблағгузории хурд дахл дошта;
• Таъмини бозгашти қарзҳои мӯҳлатгузашта, аз ҷумла аз ҳисоб бароварда шударо, бо тамоми роҳҳои қонунӣ, аз ҷумла бо роҳи муроҷиати рӯёнидан аз гарав ва додани ба суд нисбати Зоминон, дар Филиал ва Намояндагиҳо;
•Таъмини эътимоднокии гаравҳои қабулмешуда, қабули чораҳо оид ба рӯёндани онҳо ба ҳисоби пардохти зарар;
• Иштирок дар гуфтушинидҳо бо мизоҷони мушкилотдор ва расонидани мусоидат ба бозгашти қарзҳо бо тамоми усулҳои қонунӣ;
• Пешкаш намудани хулосаҳо ва маълумотномаҳо оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, ки дар рафти фаъолияти филиал ба амал меоянд;
• Расонидани мусоидати услубӣ ва машваратӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ба филиал ва намояндаҳо
Талаботҳои тахассусӣ:
•Дорои маълумоти оли.
•Донистани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
• Донистани низоми стандартҳои ҳуҷҷатгузории ҳуқуқӣ.
• Ба шахсони бо тачриба дар сохаи хифзи хукук афзалият дода мешавад.
•Донистани забонхои точики ва узбеки. Донистани забони англиси – афзалият мебошад.
•Малакаҳои шахси, қобилияти кор дар як даста;
•Ҳисси баланди масъулият.
Шароити хуби кори:
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Сари вақт гирифтани музди меҳнатӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
Ба занҳо афзалият дода мешавад.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ ва мактуби мурочиатиро дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда ба суроғаи зерин дастрас намоянд: шаҳри Бохтар, кўчаи Норинов 1 А, ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: kurgantube.administration@oxus-tj.org ё ozoda.abbosova@oxus-tj.org
Муҳлати охирин барои қабули CV ва номаи ҳавасмандкунӣ то 28 феврали соли 2025.
Рақами телефон: (992) 918 23 06 85
Танҳо номзадҳое, ки талаботи ҳадди аққалиро талаб мекунанд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд
Эълонҳои монанд
![Менеҷери фурӯши хизматрасониҳои бонкӣ дар ш.Бохтар](https://cdn.somon.tj/media/cache1/51/09/5109bbefc7c98dbe99d65d49fe27b68e.webp)
![Инкассатор-техник в г. Бохтар](https://cdn.somon.tj/media/cache1/fa/db/fadbb6d32d7a65be6e28dad6e8cda0d4.webp)
![Мутахассиси шуъбаи хисоботдихи](https://cdn.somon.tj/media/cache1/de/24/de24848fd8ceb834069ff4e609e8ed71.webp)
![Мутахассиси назорати дохила](https://cdn.somon.tj/media/cache1/de/24/de24848fd8ceb834069ff4e609e8ed71.webp)
![Ҷонишини сармуҳосиб](https://cdn.somon.tj/media/cache1/de/24/de24848fd8ceb834069ff4e609e8ed71.webp)
![Кассир - операционист](https://cdn.somon.tj/media/cache1/4c/62/4c625cfe6c8d643dcaee5a12b12f7d0d.webp)
![Специалист по розничным услугам ЦБО Джайхун](https://cdn.somon.tj/media/cache1/4c/62/4c625cfe6c8d643dcaee5a12b12f7d0d.webp)
![Сардори шӯъбаи аудити дохила](https://cdn.somon.tj/media/cache1/de/24/de24848fd8ceb834069ff4e609e8ed71.webp)
![Хазиначӣ дар ш.Бохтар](https://cdn.somon.tj/media/cache1/de/24/de24848fd8ceb834069ff4e609e8ed71.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед