Муаллими меҳнат
Муассисаи таълимии ғайридавлатии Мактаби байналмилалии «Қалам» (шаҳри Душанбе)
Вазифаҳо:
• Гузаронидани дарсҳои меҳнат барои духтарон (дӯзандагӣ, бофандагӣ, пухтупаз, ҳунарҳои амалӣ).
• Ташкили дарсҳои амалӣ ва лоиҳаҳои эҷодӣ.
• Ташаккули малакаҳои бодиққатӣ, эҷодкорӣ ва мустақилият дар хонандагон.
• Иштирок дар намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои мактабӣ.
Талабот:
• Таҳсилоти педагогӣ ё тахассусӣ.
• Донистани усулҳои кор бо мавод ва асбобҳои гуногун.
• Завқи эҷодӣ, сабр ва муҳаббат ба кӯдакон.
• Одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои хонандагон, ҳамкорон ва шаҳрвандон.
• Барои донандагони забони англисӣ бартарӣ дода мешавад.
Мо пешниҳод мекунем:
• Муҳити бароҳат барои кор ва рушд.
• Маоши арзанда.
• Дастаи дӯстона ва дастгирии маъмурият.
Резюмаи худро ба [info@qalam.tj] фиристед ё ба рақами [943440303] занг занед.
Эълонҳои монанд
![Обучающий тренер](https://cdn.somon.tj/media/cache1/f5/3b/f53b83d6a15a315bc3f81744f906abe5.webp)
![Учитель английского языка](https://cdn.somon.tj/media/cache1/21/49/2149b966dcb1fcdbf936bff28029874c.webp)
![Преподаватель компьютерных программ](https://cdn.somon.tj/media/cache1/b0/6f/b06f152a08b57c0fbb9aca12591723a0.webp)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед