Муаллими меҳнат
Муассисаи таълимии ғайридавлатии Мактаби байналмилалии «Қалам» (шаҳри Душанбе)
Вазифаҳо:
• Гузаронидани дарсҳои меҳнат (технология) барои писарон.
• Омӯзонидани асосҳои кор бо маводҳои гуногун (чуб, металл, пластик ва ғ.).
• Рушди малакаҳои амалӣ: моделсозӣ, корҳои дуредгарӣ ва оҳангарӣ.
• Ташкили лоиҳаҳои эҷодӣ ва корҳои амалӣ.
• Омода кардани хонандагон барои иштирок дар озмунҳо, намоишгоҳҳо дар чорабиниҳои мактабӣ ва беруназмактабӣ.
Талабот:
• Таҳсилоти педагогӣ ё ихтисосии мувофиқ.
• Таҷрибаи кор бо кӯдакон афзалият дорад.
• Дониши усулҳои муосири таълими меҳнат (технология).
• Завқи эҷодӣ, сабр ва малакаҳои ташкилии хуб.
• Одобу ахлоқи шоиста, ҳисси баланди эҳтиром нисбат ба ҳуқуқ ва озодиҳои хонандагон, ҳамкорон ва шаҳрвандон.
• Барои донандагони забони англисӣ бартарӣ дода мешавад.
Мо пешниҳод мекунем:
• Муҳити бароҳат барои кор ва рушди касбӣ.
• Маоши арзанда.
• Дастаи дӯстона ва дастгирии маъмурият.
Резюмаи худро ба [info@qalam.tj] фиристед ё ба рақами [943440303] занг занед
Эълонҳои монанд
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img1_scan.ffe9a7ec4032.jpg)
![](https://somon.tj/static/images/yoti/img2_face.be8f02674290.jpg)
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед