Мутахассиси шуъбаи кор бо кормандон
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС “Молия” дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
ҶДММ ТАҚХ “ЛОЛС Молия” ҷиҳати ишғоли вазифаи холии зерин озмун эълон менамояд.
Вазифа: Мутахассиси шӯъбаи кор бо кормандон
Ҷойи фаъолият: Cаридора, ш. Душанбе
Уҳдадориҳои асосӣ:
• Пешбурди пурраи раванди коргузории кадрӣ тибқи талаботи қонунгузории меҳнати ҶТ (барасмиятдарории қабул ба кор, гузариш ба дигар вазифа, озод аз кор, рухсатиҳо);
• Иштирок дар таҳияи низоми интихоб, ҳавасмандгардонӣ ва рушди кормандон;
• Ҷӯстуҷу, интихоб ва арзёбии кормандон;
• Таъмини раванди мутобиқшавии кормандон ба ҳаёти корпоративии ташкилот;
• Иштирок дар ташкили чорабиниҳои омӯзишӣ ва корпоративӣ;
• Пешбурди ҳисоботҳои дахлдо;
Талаботи тахассусӣ:
• Маълумоти олии ба вазифаи мазкур мутобиқ;
• Таҷрибаи корӣ дар самти идоракунии ҳайати кормандон на кам аз 1 сол (таҷриба дар соҳаи бонкӣафзалият дорад);
• Донистани қонунгузории меҳнати ҶТ;
• Доштани малакаҳои компютерӣ (Ms Office);
• Донистани метод ва воситаи интихоби кормандон;
• Сатҳи баланди иҷрои вазифаҳои гузошташуда, ташкилотчигӣ ва масъулиятшиносӣ;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, забони англисӣ афзалият дорад;
• Тобовар будан ба ҳолатҳои стрессӣ.
Шароити хуби кори:
• Музди меҳнати рақобатпазир дар бозори меҳнат;
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо;
• Имконияти болоравии мансабӣ.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хохишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) ва дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Душанбе, кучаи деҳи боло 180 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj
Муҳлати охирин барои қабули CV то 20 феврали соли 2025.
Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботи ҳадди аққал ҷавобгӯянд ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед