Ёвари шӯъба дар филиали ш. Ҳисор
Уҳдадориҳои асосӣ:
• Ба шакли стандартӣ таҳия намудан ва чоп кардани ҳама намуди шартномаҳо;
• Фаҳмонидани ҳамаи шартҳо, уҳдадориҳои тарафҳо ба мизоҷон ва шахсони алоқаманд;
• Ба файл ҷойгиркунӣ ва архивонидани ҳуҷҷатҳо
• Санҷиши пуррагии ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ;
• Санҷиши дуруст пуркунии варақаҳое, ки парвандаи қарзӣ/амонатӣ дар бар гирифтааст;
• Ислоҳ ва тасҳеҳи ҳамаи камбудиҳои ошкоршуда ва риоянашавӣ дар парвандаи қарзӣ/амонатӣ (дар шакли электронӣ ва чопӣ/коғазӣ);
• Пешбурди баҳисобгирии парвандаҳои қарзӣ/амонатӣ тибқи расмиёти тасдиқгардида;
Талабот нисбати номзадон:
• Таҳсилоти олӣ (таҳсилоти олии нопурра мумкин аст)
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ (донистани забони узбеки хуш пазируфта мешавад)
• Дониши барномаҳои компютерӣ: Word, Excel, Internet Exp. Ва ҳоказо.
• Малакаҳои аълои муошират ва ташкилӣ
• Дақиқкорӣ, покизакорӣ ва масъулият
• Маҳорати кори дастаҷамъона
• Қобилият зудомўзӣ.
• Ташаббускорӣ.
________________________________________
Шароити кор ва сатҳи музди меҳнат ба таври инфиродӣ муҳокима карда мешаванд. Барои мусоҳиба номзадҳои мувофиқ даъват карда мешаванд.
________________________________________
Дархостҳои худро (анкета бо забони тоҷикӣ ё бо забони русӣ) метавонед то 06 феврали соли 2025 ба почтаи электронӣ hr@finca.tj ё ба суроғаи: н. Ҳисор, кучаи. И. Сомонӣ 4, Филиали ҶДММ ТАҚХ «ФИНКА» фиристонед. Телефон барои маълумот: (992) 93-575 45 81
Барои таваҷҷуҳатон ба ташкилоти мо ташаккур изҳор менамоем!
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед