Мутахассиси қарзи
ҶДММ ТАҚХ ЛОЛС “Молия” ташкилоти амонати қарзии хурд буда, муассисаш “LOLC Central Asia Private Limited” ба ҳисоб меравад, ки дар зиёда аз 24 давлати ҷаҳон фаъолияти босаммар дорад. Стратегияи асосии ширкат ин пешниҳоди хизматрасониҳои баланди молиявӣ ба аҳоли бо истифода аз усулҳои таҷрибаи мизоҷ ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ТАҚХ ЛОЛС “Молия” дар зиёда аз 10 шаҳру ноҳияҳо фаъолият намуда истодааст ва фаъолона филиалҳои худро васеъ намудаистодааст. Вобаста ба васеъшавии фаъолият мо довталабонро барои ишғоли ҷойи кори холӣ даъват менамоем.
Вазифа: Мутахассиси қарзӣ
Ҷои фаъолият: ш.Турсунзода
Вазифаҳои асоси:
• Пешниҳоди маҳсулотҳои қарзии ташкилот;
• Гузаронидани чорабиниҳои маркетинги барои ҷалбӣ мизоҷон;
• Машварат ба мизоҷон дар мавриди саволҳои пайдошуда;
• Гузаронидани таҳлилӣ фаъолияти молиявую хоҷагидории мизоҷ;
• Барасмиятдарории ва ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои зарурӣ;
Талаботҳои тахассусӣ:
• Маълумоти олӣ, бакалавр, олии нопурра.
• Донистани забони тоҷикӣ (донистани забони англисӣ ва русӣ афзалият дорад);
• Омода будан дар кори гурӯҳи;
Шароити хуби кори:
• Музди меҳнати рақобатпазир ва мукофотпулиҳо;
• Фаъолияти меҳнатии расмӣ, ҷадвали кории муносиби 5/2 ва имконият барои рушди мансабӣ
• Пардохти алоқаи мобилӣ;
• Омузишҳо ва тренингҳо.
Музди маоши хуб кафолат дода мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд маълумотҳоро дар бораи худ (CV) дар лифофаҳо (конверт) ҷойгир карда бо қайди номгуи вазифаи довталаб ба суроғаи зерин дастрас намоянд: ш. Турсунзода, кучаи И.Сомонӣ/кучаи П.Тоҷиев 19 ё ин ки ба почтаи электрони ирсол намоед: info@lolc.tj
Муҳлати охирин барои қабули CV то 07 феврали соли 2025.
Рақами телефон: (992) 98-478-37-37., 44 610 00 55
Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои ҳадди аққал ҷавобгӯянд, барои мусоҳиб даъват карда мешаванд.
Эълонҳои монанд
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед