Мутахассис оид ба Хизматрасонии Мизоҷон
Уҳдадориҳои асосӣ:
• Машваратдиҳӣ ва мушаххасгардонии мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол, амонатгузорон ва қабулкунандагон/интиқолдиҳандагони маблағҳо.
• Мусоидат ба мизоҷони имконпазир ва мизоҷони фаъол дар пуркунии варақаҳои зарурӣ барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзгирӣ, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.
• Чоп кардани кулли ҳуҷҷатҳое, ки барои амалисозии фаъолият оид ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо зарур мебошанд.
• Воридсозии маълумоти зарурӣ ба ҳисоботҳои FORS ва таъминоти барномавии низоми интиқоли маблағҳо.
• Гирд овардани ҳуҷҷатҳои зарурии қарзгирони имконпазир ва қарзгирони фаъол барои анҷомдиҳии амалиётҳо вобаста ба қарзҳо, амонатҳо ва интиқоли маблағҳо.
• Огоҳонидани қарзгирон дар бораи қарор аз рӯйи дархостҳо.
• Нусхабардорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Шуъбаи Андеррайтинг ва протсесесинги Саридораи ФТАҚХ.
• Гузаронидани расмиёти ифтитоҳӣ (инаугуратсия) ҳангоми додани қарз ва кушодани суратҳисоби амонатӣ.
• Санҷиш ва таъмини мутобиқати маълумотҳои шиносномавии мизоҷон бо маълумотҳои Таъминоти барномавӣ ва низоми Интиқоли маблағҳо.
• Ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории парвандаҳои қарзӣ ва амонатии мизоҷон, инчунин ҷузвадони мизоҷ оид ба интиқоли маблағҳо.
Талабот нисбати номзадон:
• Таҳсилоти олӣ / миёнаи махсус;
• Таҷрибаи на камтар аз 6-моҳа дар соҳаи маблағгузории хурд;
• Дониш оид ба маҳсулотҳои қарзӣ ва амонатӣ;
• Таҷрибаи корӣ дар НАБ Flexcube;
• Донишу малакаҳои кор бо компютер (Word, Excel, Internet, Outlook);
• Салоҳияту кордонӣ, покизакорӣ ва бодиққатӣ нисбати ҷузъиёт;
• Донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ________________________________________
Шароитҳои кор ва музди меҳнат дар алоҳидагӣ муҳокима карда мешаванд. Танҳо номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯянд, барои мусоҳиба даъват карда мешаванд.
________________________________________
Лутфан дархостҳои худро (резюме бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ) то 28 январи соли 2025 ба суроғаи ш. Ваҳдат, кӯч. Тугдона 6 ё ба суроғаи электронӣ: hr@finca.tj ирсол намоед (дар сатри мавзӯи мактуб мавқеи дархостшударо нишон диҳед), телефон барои маълумот (+992) 93 308 00 01
Ташаккур барои таваҷҷўҳ ба Ташкилоти мо!
Аз натиҷаҳои ҷустуҷӯҳои худ натиҷагирӣ кунед